Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Водии Фарғона

Водии Фарғона

ФАРҒОНА, водии Фарғона, пастхамии байникӯҳист дар кӯҳсори Тиёншон. Асосан дар ҳудуди РСС Ӯзбакистон, қисман дар РСС Тоҷикистон ва РСС Қирғизистон воқеъ гаштааст. Фарғонаро аз шимол қаторкуҳҳои Қурама, Чатқал, Фарғона ва аз ҷануб қаторкӯҳҳои Туркистону Олой иҳота кардаанд. Дар ғарб тавассути гузаргоҳи камбар бо дашти Мирзочӯл пайваст шудааст. Тӯли хамӣ қариб 300 км, бараш то 170 км, масоҳаташ 22000 км2.

vodii-far

Баландии мутлақ дар шарқи хамӣ 1000 м, дар қисми ғарбиаш 300 м. Иқлими водӣ континентист. Ҳарорати миёнаи январ —2, —3“С, июл 24—2ТС. Боришоти солона аз 100 то 500 мм. Дарёи асосӣ Сир (шохобҳояш Сух, Исфара ва ғайра). Барои обёрии заминҳо якчанд канал (Канали Калони Фарғона, Канали Шимоли Фарғона, Канали Ҷануби Фарғона, Канали Калони Андиҷон) ва обанборҳо (Қайроққум, Фарҳод, Қуввасой, Фарғона) сохта шудаанд. Фарғона ноҳияи муҳимми пахтакорӣ, боғу тоқдорӣ ва кирмақдорист. Дар водӣ шаҳрҳои Ленинобод, Фарғона, Қӯқанд, Андиҷон, Намангон, Уш ва ғайра ҷойгир шудаанд. Нигаред низ Депрессияи Фарғона.
У. Олимов.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …