Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти ТАМБОВ

Вилояти ТАМБОВ

tambov-p

ТАМБОВ, вилоятест дар ҳайати РСФОР (аз 27 сентябри 1937). Масоҳаташ 34,3 ҳазор км2. Аҳолиаш 1327 ҳазор. нафар (1984), аҳолии шаҳрӣ 53%. 23 район ва 8 шаҳр дорад. Марказаш шаҳри Тамбов. Сатҳаш ҳамвор. Ҳарорати миёнаи январ —11°С, июл 20°С. Боришоти солона 450—500 мм. Дареҳо ба ҳавзаҳои Дон ва Волга мансубанд. Соҳаҳои асосии саноат: мошинсозӣ (таҷҳизоти химиявӣ, прессҳои оҳангарӣ ва ҒАЙРА), химия, сабук ва хӯрокворӣ. Асосан гандум, ҷавдор, марҷумак, лаблабуи қанд, офтобпараст ва картошка мекоранд. Бовдорӣ тараққӣ мекунад. Гов, хук, гӯсфанд ва мурғу мурғоби мепарваранд. Вилоят бо ордени Ленин (1967) мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …