Маълумоти охирин
Главная / Биология / УСТУХОН

УСТУХОН

УСТУХОН, як навъ бофтаи пайвастии ҳайвоноти мӯҳрадор ва одам аз ҳуҷайраҳою моддаи байниҳуҷайравии сахта иборат аст, ки дорои намакҳои калсий ва сафеда (бештар коллаген) буда, устухонро мустаҳкаму чандир мекунанд.

sklet

Якҷоя бо банду буғумҳо, бандакҳо ва мушакҳое, ки тавассути пай ба Устухон васл мешаванд, «дастгоҳ»-и такяю таҳрикро ба вуҷуд меорад. Қобилияти аз нав бар қароршавӣ дорад: ҳуҷайраҳои кӯҳна нобуд гашта, ба нвази онҳо ҳуҷайраҳои нав инкишоф моёбанд. Регонерасия (таҷдид)-и Устухон аз ҳисоби нумуи устухонпарда ба вуҷуд меояд. Роҷеъ ба дардҳои устухон нигаред Остеомолясия, Остеомиелит, Рахит.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …