Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / УД – сози мусиқӣ

УД – сози мусиқӣ

УД сози қадимии мусиқист, ки бо мизроб менавозанд. Уд косаи калони мурудшакл ва дастаи кӯтоҳ дорад. Дар маъхазҳои қадимӣ уд то асри 10 ҳамчун асбоби чортораи маъмули мусиқии Шарқ тафсир шудааст. Абӯнасри Форобӣ бо мақсади меъёри овозии удро такмил додан ба вай тори панҷум (ҳодд) илова кардааст. Торҳо номи арабии ҳодд, зир, масно, мислас ва бамро гирифтаанд ва ҳар як мазмуне доранд. Масалан, тори «зир» (тори аз ҳама баланд) мушобеҳи оташ бӯда, садояш гармии онро ба ёд меорад. Тори масно (дуюм) мушобеҳи ҳавост, ки овозаш монанди ҳаво нарму рӯҳафзост.

ud

Тори мислас (сеюм) мушобеҳи об аст, ки овозаш ифодакунандаи намию сардист. Тори «бам» мушобеҳи замин аст, ки овозаш вазнинӣ ва сахтии заминро ифода мекунад. Тори «ҳодд» мазмуни овози тез — гӯшхароши баландро гирифтааст. Торҳо бо сози кварта ҷӯр мешаванд. Дар асри 9 торхои удро аз рӯдаи ҳайвонот тайёр мекардагӣ шуданд, мизроби чӯбин ба устухонӣ иваз шуд. Дар асрҳои миёна мизробро аз пари уқоб низ месохтанд. Вале дар замони Форобӣ удии панҷтора чалдон маъмул нашуд. Уд ҳанӯз дар асри 1 то мелод маъмул буд. Аз баъзе намунаҳои ҳунари наққошӣ ва санъати тасвирӣ маълум мешавад, ки мардуми кишварҳои Шарқ ва Шарқи Наздик (дар Европа «лютна» меномиданд) бо ин соз мутрибӣ мекарданд. Масалан, дар аҳди сосониён Борбади Марви уднавози моҳир будааст. Дар рисолаҳои мусиқӣ бо тартиби ҳарфҳои ҳисоби абҷад баста пгудани пардаҳо ишора шудааст. Меъёри онҳо зиёда аз 2 октава буда, 37 зинаи овозиро дар бар мегирад. Ҳоло удро барқарор карданианд.
Адабиёт: Вызго Т. С., Музыкальный инструменты Средней Азии, Москва.
И. Раҳимов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …