Маълумоти охирин

ТӮС

ТӮС, хаданг, чатқал, бируч (Веtula), як ҷинси бутта ва дарахтони хазонрез (аз оилаи тӯсиҳо). Ранги пӯстлохи танааш сафед, зард, гулобӣ ва сиёҳтоб.

Дар Тоҷикистон фақат як намуди Тӯс — тӯси тиёншонӣ (В. Tianschanica) мерӯяд; махсусан дар қаторкӯҳҳои Зарафшон, Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз, Петри I, Ванҷ, Язғулом, Рушон ва Шуғнон (1100—3500 м аз сатҳи баҳр) фаровон аст.

tusi

Тӯс ба рӯшноӣ серталаб, ба хушкӣ ва хунукӣ тобовар аст. Онро аз тухм ва қаламча зиёд мекунанд. Зиёда аа 100—150 сол умр мебинад. Муғча ва барги Тӯс хусусияти табобатӣ доранд. Дар таркиби муғчаи он 3,6—6% равғани эфир ҳаст, ки чун доруи пешоброн ва буғумдард истифода мешавад. Дар Тоҷикистон буридану дар хоҷагиҳо истифода бурдани Тӯс қатъиян манъ аст.

Адабиёт: Исмоилов М. И., О полиморизме Таджикистанских видов Веtula L., отанический журнал, 1972, № 1; Жизнь растений, том 5(1), Москва 1980.

М. Исмоилов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …