Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТОШТЕМИРОВ Нӯъмон

ТОШТЕМИРОВ Нӯъмон

ТОШТЕМИРОВ Нӯъмон (таваллуд 29.8. 1932, деҳаи Оққӯрғони раёни Ленини Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон), сарояндаи советии тоҷик (тенори лирикӣ), Ҳофизи Халқии Совети Сотсиалистии Тоҷикистон. (1969). Аз соли 1951 ҳофизи Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва аз соли 1962 ҳофизи Комитети давлатии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ. Дар тайёр кардан ва ба навори магнитофон сабт намудани «Шашмақом» чун ҳофизи яккахон дар ҳайати Ансамбли мақомхонон иштирок кардааст. Тоштемиров овози ширадори форам дошта, сурудҳои классикиро хеле хуб месарояд, масалан, «Чапандози қаландарӣ» (шеъри Сайидо), «Насри Ушшоқ» (Ҳофиз). «Орази Дутоҳ (Абӯалии Сиво); «Дугоҳ», «Соқиномаи Савти Калон» (Ҳилоли) ва ғайра. Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонда шудааст.
И. Раҳимов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …