Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти ТОШҲАВЗ

Вилояти ТОШҲАВЗ

ТОШҲАВЗ, вилоятест (солҳои 1039 —63 ва аз 14 декабри 1970) дар ҳайати Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Туркманистон. Масоҳат 73,6 ҳаз. км2. Аҳолиаш 614 ҳазор нафар (1084), аҳолии шаҳрӣ 30%. 8 район ва 1 шаҳр дорад. Марказаш шаҳри Тошҳавз. Вилоят дар ҳудуди пастии Турон (биёбони Қароқум) воқеъ аст. Иқлимаш ниҳоят континентист. Ҳарорати миёнаи январ —6°С, июл 27°С. Боришоти солона 100—150 мм. Корхонаҳои саноати сабук (заводҳои пахта), хӯрокворӣ, коркарди металл дорад. Аз се ду ҳиссаи заминҳои корамро барои пахтакорӣ истифода мебаранд. Инчунин ғаллаю сабзавот мекоранд. Гӯсфандпарварӣ соҳаи муҳими чорводорист. Бо ордени Ленин (1974) мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …