Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти ТОМСК

Вилояти ТОМСК

map_of_russia_-_tomsk_oblast-svg

ТОМСК, вилоятест (аз 13 августи 1944), дар ҳайати РСФСР, Масоҳаташ 316,9 ҳазор км2. Аҳолиаш 939 ҳазор нафар (1984) ; аҳолии шаҳрӣ 68%. 16 район ва 8 шаҳр дорад. Марказаш шаҳри Томск. Томск дар ҷанубу шарқи ҳамвории Сибири Ғарби ҷойгир шудааст. Ҳарорати миёнаи январи —19°, —21°С, июл 17—18м Боришоти солона 400—500 мм. Аз ҳудуди вилоят дарёи Обь (шохобҳои калонаш: Чулым, Том, Кеть) мегузарад. Дар Томск истихроҷи нефту газ, саноати мошинсозӣ, ҷангал, чӯбгарӣ, сабук ва хӯрокворй ривоҷ ёфтааст. Гандум, ҷавдор, ҷав, инчунин зағир (дар ҷануб) мекоранд. Гов, бузу гӯсфанд, хук ва мурғ мепарваранд. Аз дарёи Обь моҳӣ мегиранд; Ҳайвонҳои мӯинадор (санҷоб, самур, рӯбоҳи сиёҳ) шикор мекунанд. Дарёҳои Обь, Чулым ва Том киштигарданд. Бо ордени Ленин (1967) мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …