Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТОҶИКПАХТАСОЮЗ

ТОҶИКПАХТАСОЮЗ

ТОҶИКПАХТАСОЮЗ. кооперацияи пахтакорони Тоҷикистон, ки соли 1927 ташкил ёфт ва ба он Бюрои ташкилии кооперацияи пахтакоропи Тоҷикистон роҳбарӣ мекард. Правленияи Бюрои ташкилия Тоҷикон ба хоҷагиҳои пахтакор қарз, ба аъзоёни ширкатҳои пахтакорон тухмӣ, ғалла, асбобу анҷом, нурӣ дода, замини деҳқононро бо мошин шудгор мекард, пунктҳои агрономӣ ва қитъаҳои намунавӣ ташкил модод. Аъзоёнт Тоҷикпахтасоюз нисбат ба аъзоёни дигари шаклҳои кооперация 25% зиёд аванси пулӣ мегирифтанд ва нормаи ғалла, тухмӣ, нурӣ ва ғайра барои онҳо зиёд буд.

paxta

Ин чораҳо боиси ба ширкатҳои пахтакорон ҷалб шудани деҳқонон ва вусъати шабакаи ташкилотҳои Тоҷикпахтасоюз гардиданд. Агар июли 1927 дар Тоҷикистон 34 ширкати пахтакорон 24951 хоҷагии камбағалон ва миёнаҳолонро муттаҳид карда бошад, солҳои 1928—29-ум 44100 хоҷагии деҳқононро дар бар мегирифт. Муттаҳидшавии деҳқонони пахтакор дар ширкатҳо ба ипкишофи кооперацияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон мадад расонд ва ба деҳқонон зарурати хоҷагидории коллективиро фаҳмонд. Бо мақсади такмили корҳои пахтатайёркунӣ ва кам кардани хароҷоти идоракунӣ 24 июли 1931 Тоҷикпахтасоюз барҳам хӯрда, вазифан пахтатайёркунӣ ба зиммаи стансияҳои мошину трактори «Колхозсентрҳо» вогузор шуд.
Тоҷикпахтасоюз барои тараққиёти пахтакорӣ дар Тоҷикистон ва аз ҷиҳати истеҳсоли пахта мустақил шудани СССР мавқеи калон дошт.
Адабиёт: Из историн коллективизации сельского хозяйства и колхозного строительства в Таджикской ССР (1926 — 1937 гг), т. 1 (Сборник документов и материалов), Душанбе, 1973.
Т. Каримов, А. Қодиров, Ш. Ҷалилов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …