Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ТИРАНА

Шаҳри ТИРАНА

ТИРАНА (Тirana), пойтахти Республикаи Халқии Социалистил Албания. Дар водии байникӯҳӣ, 40 км дуртар аз соҳили баҳри Адриатик воқеъ аст.

tirana-c

Ҳудудя Тирана воҳиди мустақили маъмурист. Аҳолиаш беш аз 210 ҳазор нафар (1984). Тирана ба воситаи роҳи оҳан бо бандари Дуррес алоқаманд мебошад. Аэропорташ (Ринас) дорои аҳамияти байналхалқист. Шаҳр корхонаҳои саноати бофандагӣ, сабук, хурокворӣ, коркарди металл, мошинсозӣ ва ғайра дорад. Университет ҳаст. Тирана асри 17 дар ҷои бошишгоҳе, ки аз асри 15 маълум буд, бунёд ёфтааст. Аз соли 1920—пойтахти Албания. Ёдгории меъмории машҳураш Масҷиди Хоҷа Аҳтамбой (1794—1821).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …