Маълумоти охирин
Главная / Варзиш / ТАШКИЛОТИ БАЙНАЛХАЛҚИИ СПОРТ

ТАШКИЛОТИ БАЙНАЛХАЛҚИИ СПОРТ

varzish

ТАШКИЛОТИ БАЙНАЛХАЛҚИИ СПОРТ, ташкилоти умумичаҳони ва регионалии ғайриҳукуматии байналхалқӣ дар соҳаи физкултура, тарбияи ҷисмонӣ ва спорт. Ташкилотҳои спортии миллӣ дар баъзе мавридҳо ташкилотҳои байналхалқӣ ва баъзан шахсони алоҳида аъзоёни Ташкилоти байналхалқии спорт ба шумор мераванд. Ташкилоти байналхалқии спорт ба универсалӣ (масалан, Совети байналхалқӣ, тарбияи ҷисмонию спорт) ва махсус — аз рӯи намудҳои спорт (федерасияҳои спортии байналхалқии бокс, волейбол ва ғайра), динӣ (Иттифоқи байналхалқии католикии тарбияи ҷисмонӣ ва спорт) ва ғайра ҷудо мешавад. Ташкилоти байналхалқии спорт вуҷуд дорад, ки ташкилотҳои миллии спортии мамлакатҳои сосиалистӣ (Камитети спортии армияҳои ба ҳам дӯст) ё танҳо мамлакатҳои капиталистӣ (Совети байналхалқии спорти ҳарбӣ) аъзоёни онанд. Дар Ташкилоти байналхалқии спорт фаъолияти намояндагони ташкилотҳои спортии СССР ва дигар мамлакатҳои сосиалистӣ ба демократикунонии ҳаракати байналхалқии спорт — мубориза ба муқобили нажодпарастӣ ва диокреминасияи сиёсӣ дар спорт, ба ҳамаи ташкилотҳои миллии спортӣ додани баробарҳуқуқӣ ва ғайра равона карда мешаванд.

Инчунин кобед

futbol

ФУТБОЛ

ФУТБОЛ (англисӣ fоо1bаll, аз fооt— пой ва bаll — тӯб), як навъи спортро гӯянд, ки …