ТАЙФУРИЯ як ҷараёни тасавуфист, ки пайравони он Воязиди Бистомиро муршиди худ шуморида, сукрро асоси таълимоташон қарор додаанд. Ҷараёни мазкур моҳиятан ба таълимоти ҷунайдия, ки саҳвро заминаи таълимоти худ медонистанд, муқобил аст. Пайравони тайфурия аз сӯҳбату муошират бо мардум эҳтироз дошта, бештар дар хилвату узлат зиндагӣ мекарданд. Онҳо дар ҷараёни мушоҳидаи ҷамоли ҳақ ҳар гуна даъворо раво шуморида, шатҳиёте гуфтаанд, ки дар бепардагию густохӣ ба шатҳиёти муршидашон монанд аст. Аз ин ру, шатҳиёти сӯфиён бо номи Боязиди Бистомӣ иртиботи, хосе дорад.
М. Ҳазраткулов.
Tags Тасаввуф
Инчунин кобед
САҒОНА
САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …