Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТАХАЙЮЛ

ТАХАЙЮЛ

ТАХАЙЮЛ, хаёл (арабӣ —фикр кардан, тасаввур), фаъолияти психикиест иборат аз ҳосил намудани тасаввур ва образҳои фикрии пешвар идрокнашуда. Ҷиҳати асосии тахайюл дар он ифода меёбад, ки одам маҳсули ин ё он фаъолиятро пеш аз анҷоми худи фаъолият тасаввур карда метавонад ва амалу рафтори худро пешбинӣ менамояд. Масалан, коргар ба нақша нигоҳ карда, детали тайёрро «мебинад» ё нависанда қаҳрамони асари худро дар амал тасаввур менамояд.

28eda697949baf7599aea1237d4499bc
Тахайюл ду хел мешавад: тахайюли азнавсозӣ ва тахайюли эҷодй. Маҳсули тахайюли азнавсозӣ аз он иборат аст, ки дар он образи предметҳои идрокнашуда аз рӯи тасвири шартӣ (нақша, матн) ё шарҳашон ҳосил карда мешавад.Тахайюли азнавсозӣ образи чизи мавҷудбударо наздик дар он шакле, ки ҳаст, ба вуҷуд меоварад, дар он бояд хосиятҳои аз хақиқат дур ҷой надошта бошанд. Маҳсули тахайюли эҷодӣ аломат, предмет ё образҳои навеанд, ки ҳоло дар таҷрибаи шахс ё объективона вуҷуд надоранд. Ин намуди тахайюл дар фаъолияти адабӣ, илмӣ, тасвирӣ ва ғайра баръало намоён мегардад.
Образҳои тахайюл дар натиҷаи татбиқи тарзҳои гуногуни табдили фикрии тасаввуроти мавҷуда ҳосил мегарданд, ки асоси онҳо амалҳои фикрии таҳлилу таркиб меботанд. Образҳои соддаи тахайюл дар натиҷаи аз образи яклухти предмет ҷудо карда гирифтани ягон қисм ё хосиятн он, фикран бо ҳам пайвастани қисмҳои аз объектҳои гуногун ҷудо кардашуда ва бо ҳамин роҳ ҳосил намудани образи фигарии предмети вуҷуднадошта пайдо мешаванд. Образҳои тахайюл баъзан дар натиҷаи аз будаш зиёд ё кам карда нишон додани ҷиҳатҳои алоҳидаи объект инчунин дар натиҷаи ба ягон объект нисбат додани хосияти дигар предмет ҳосил мегарданд. Образҳои тахайюл дар натиҷаи муқоисаю ҷамъбаст ёфтани қонунияти умумии ҳодисаҳо низ ҳосил мешаванд.
Фаъолияти эҷодӣ омили такомул ва тараққиёти тахайюл аст. Бозию таълим дар сини бачагӣ ва тарбияи эстетикӣ, омӯхтани адабиёти бадеиву санъат, таҷрибаи дурусти ҳаёт, донишандӯзию ташаккули идеалу эътиқодҳо заминаи тараққиёти тахайюл ба шумор мераванд. Р. Атахонов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …