Маълумоти охирин

ТАХАЛЛУС

ТАХАЛЛУС (арабӣ —халос шудан), 1) дар илми бадеи классикии тоҷик ҷузъи қасидаи мадҳия, номи дигари гурез. 2) номи иловагии махсуси шоир дар шеър, ки тадриҷан бо он ном машҳур мегардад. Масалан, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Дақиқӣ, Фаррухӣ, Саъдӣ, Ҳофиз. Ҷомӣ на ғайра номи ҳақиқии онҳо набуда, балки тахаллуси шоирии онҳост. Интихоби тахаллус қонунияти хос надорад. Баъзеҳо номи зодгоҳ (масалан, Рӯдакӣ, Ҷомӣ), баъзеҳо калимаҳои дилхоҳ (Анварӣ, Айнӣ), баъзеҳо номи ҳоким (Саъдӣ), баъзеҳо ном ё фамилияи худро (Лоиқ, Ансорӣ, Мастон) тахаллус интихоб намудаанд. Тахаллус бештар дар охири ғазал меояд:
Рӯзе ки фалак хонд маро ном Ҳилолӣ,
Мехост, ки ман моили абрӯи ту бошам.
Баъзе шоирон дар қасида қитъа ва ҳатто дар рубоӣ низ онро зикр кардаанд. Анъанаи тахаллусгузорӣ дар назми советни тоҷик низ давом дорад (Лоҳутӣ, Пайрав, Деҳотӣ, Боқӣ,. Лоиқ, Фарҳат ва дигарон).У. Тоиров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …