Маълумоти охирин

ТАХАЛЛУС

ТАХАЛЛУС (араби —халос шудан), 1) дар илми бадеи классикии точик чузъи касидаи мадхия, номи дигари гурез. 2) номи иловагии махсуси шоир дар шеър, ки тадричан бо он ном машхур мегардад. Масалан, Рудаки, Фирдавси, Дакики, Фаррухи, Саъди, Хофиз. Чоми на гайра номи хакикии онхо набуда, балки тахаллуси шоирии онхост. Интихоби тахаллус конунияти хос надорад. Баъзехо номи зодгох (масалан, Рудаки, Чоми), баъзехо калимахои дилхох (Анвари, Айни), баъзехо номи хоким (Саъди), баъзехо ном ё фамилияи худро (Лоик, Ансори, Мастон) тахаллус интихоб намудаанд. Тахаллус бештар дар охири газал меояд:
Рузе ки фалак хонд маро ном Хилоли,
Мехост, ки ман моили абруи ту бошам.
Баъзе шоирон дар касида китъа ва хатто дар рубои низ онро зикр кардаанд. Анъанаи тахаллусгузори дар назми советни точик низ давом дорад (Лохути, Пайрав, Дехоти, Боки,. Лоик, Фархат ва дигарон).У. Тоиров.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …