Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТАРОКУМИ СИТОРАҲО

ТАРОКУМИ СИТОРАҲО

ТАРОКУМИ СИТОРАҲО (арабӣ ҷамъ шудан), як гурӯҳ ситораҳоеро гӯянд, ки байни худ бо қувваҳои ҷозиба алоқаманд буда, якҷоя пайдо шудаанд ва аз ҷиҳати таркибӣ химиявиашон ба ҳам монанданд. Одатан зичии ситораҳо дар маркази тарокуми ситораҳо зиёд буда, ба қадри дуршавӣ аз он кам мешавад.
Тарокуми ситораҳо манзума (куравӣ) ва мансура (пароканда) мешаванд. Маъмулан тарокуми ситораҳои пароканда даҳҳо ва садҳо, баъзан ҳазорҳо, тарокуми ситораҳои куравӣ даҳҳо ва садҳо ҳазор ситора доранд. тарокуми ситораҳои манзума дар бурҷҳои Ҷосӣ, Қавс ва ғайра, тарокуми ситораҳои мансура дар бурҷҳои Савр, Саратон ва ғайра мушоҳида мешаванд.

star-sitora
Алҳол тақрибан 130 тарокуми ситораҳои манзума кашф шудааст, ки консентрацняи онҳо ба сӯи маркази Галактика торафт зиёд мешавад. Аксари онҳо манбаъҳои пурқуввати шуоъҳои рентгенианд. Тарокуми ситораҳои манзума аз Офтоб дар масофаи аз 1 то 50 ҳазор пс ҷойгиранд.
Тарокуми ситораҳои мансура нисбатан сершумор буда, то ҳол зиёда аз 1000-тон онҳо кашф шудааст.
Ба тарокуми ситораҳои мансура маҳа тарокуми ситораҳои ҳаракаткунанда мансубанд, ки онҳо ба Офтоб нисбатан наздик буда, аз рӯи ҳаракати хоси ситораҳояшон ошкор карда мешаванд, самти ҳаракати ситораҳо таврест, ки ба назари мушоҳид, гӯё аз як нуқта мебарояд. Дар асл бошад, ҳамаи ситораҳои тарокум бо суръати якхела ба ҳам параллел ҳаракат мекунанд.
В. А. Амбарсумян муайян намуд, км ситораҳои тарокуми ситораҳои мансура бо суръати на он қадар калон (0,5 км/ сон) хориҷ мешаваяд. Баъзан ситораҳои тарокум, кн таҳти таъсири ҷозибаи ситораҳои дигар мебошанд, суръатҳои иловагӣ гирифта, аа тарокум баромада мераванд. Ин ҷараён хеле суст давом мекунад ва бо вуҷуди ин дар давоми қариб 10 млрд сол тарокуми ситораҳо пурра пароканда шуда метавонад.
Синни тарокуми ситораҳои мансура ба 1010 сол, синни тарокуми ситораҳои манзума бошад, ба 1012—1013 сол мерасад. В. А. Амбарсумян як навъи дигари маҷмӯи ситораҳоро кашф намуд, ки он бо номи ассосиасияҳои сигорагӣ маъмул аст. Д. Саидов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …