Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ ВАССОФ»

«ТАЪРИХИ ВАССОФ»

«ТАЪРИХИ ВАССОФ» (номи пуррааш: «Таҷзият-ул-амсор ва таҷзият-ул-аъсор» — «Тақсими шаҳрҳо аз гузашти асрҳо»), асари Вассофи Шерозӣ» солҳои 1298—1302 ба забони тоҷикӣ таълиф кардааст.

Як қисми «Таърихи Воссоф» ба Ғазонхон (ҳукмронӣ 1295—1304) ва қисми дигари он ба бародари Разонхон — Улҷайту (ҳукмронӣ 1304—18) ва Абӯсаиди Баҳодур, ки аз шоҳони Эрон буданд, бахшида шудааст. «Таърихи Воссоф» давоми Таърихи ҷаҳонкушо»-и Атомалики Ҷувайнӣ буда, воқеаҳои асар аз соли 1258 оғоз ёфта, бо воқеаҳои соли 1328 ба охир мерасад. «Таърихи Воссоф» аз 5 ҷилд иборат буда, мавзӯи асосии он таърихи империяи муғул дар Эрон ва амирони гирду атроф аст.

Муаллифи «Таърихи Воссоф» дар навиштани он ба «Таърихи ҷаҳонкушо» пайравӣ карда бошад ҳам, ҳангоми иншои китоб ба баёни муболиғаомезу иғроқдор бештар роҳ додааст. «Таърихи Воссоф» сарчашмаи хуби бадеӣ низ ба шумор меравад. Дар он баъзан ҷанбаи адабӣ бар ҷанбаи таърихӣ ғалаба мекунад. Муаллиф ғайр аз баёни воқеаҳои таърихӣ аз ҳаёт ва эҷодиётп шоирону нависандагони замони худ, мактубҳои шоҳону амирон нақл менамояд, ҳангоми баёни воқеаҳо бештар мисолҳои шеърӣ меорад. «Таърихи Вассоф» барои омӯхтани воқеаҳон таърихию адабии асрҳои 13—14 аз маъхазҳои боэътимод ба шумор меравад. «Таърихи Воссоф» солҳои 1855 дар Табрез, 1885, 1914, 1959 дар Теҳрон нашр ва ба забонҳои немисӣ, туркӣ, англисӣ тарҷума шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …