Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ БАДАХШОН»

«ТАЪРИХИ БАДАХШОН»

«ТАЪРИХИ БАДАХШОН» асари Саидмуҳаммади Бадахшӣ ва Мирзо Фазлалибеки Сурхафсар. «Таърихи Бадахшон» аз қисмати асосӣ ва 3 илова иборат буда, воқеаҳои солҳои 1657/8— 1905 дар ҳудуди ҷумҳурии шуравии Тоҷикистони имруза ва шимоли Афғонистон ба вуқӯъ омадаро дар бар мегирад. Баёни воқеаҳои солҳои 1657/8—1808/9 бақалами Сангмуҳаммади Бадахшӣ, солҳои 1808/9—1005 ба Мирзо Фазлалибеки Сурхафсар мансубанд. «Таърихи Бадахшон» задухӯрду кашмакашҳои хунини байни қабилаҳоро дар вилоятҳои Роғ, Шуғнон, Хуталон, Чатрор ва Файзободи Афғонистон инъикос мепамояд. Бобҳои алоҳидаи асар ба таърихи сулолаҳои амирону хонҳои Бадахшон аз тоҷикон, ӯзбекҳо, қатағаниҳо, қарлуқҳо ва қалмоқҳо, дахолати Россияи подшоҳӣ ва Англия ба ин сарзамин, тақсими ҳудуди он байни ин давлатҳо ва ғайра бахшида шудааид. Дар «Таърихи Бадахшон» инчунин роҷеъ ба масъалаҳои этнография, география ва адабиёт маълумоти фаровон мавҷуд аст. «Таърихи Бадахшон»-ро соли 1959 шарқшиноси советӣ А. Н. Болдырев дар Ленинград ба усули факсималӣ нашр кард.

Адабиёт: Таърихи Бадахшон (История Бадахшана), Л., 1960.  Ш. Кабиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …