Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАРАКӢ Нурмуҳаммад

ТАРАКӢ Нурмуҳаммад

ТАРАКӢ Нурмуҳаммад (1917, шаҳри Муқури музофоти Ғаэнӣ — сентябри 1979, Кобул), ходими давлатӣ ва сиёсии Афғонистон, нависанда ва мутарҷим. Аз оилан деҳқон. Коргари фабрикаи консерви ширкати «Мивес путтун»-и Қандаҳор ва аз соли 1934 дар намояндагии ин ширкат дар Бамбай (Ҳиндустон) буд. Охири солҳои 40— аввали солҳои 50 дар таъсис ва фаъолияти ҷамъияти сиёсии «Ҷавонони бедор», ки барои демократикунонии ҳаёти ҷамъиятии Афғонистон ҷидол мекард, иштирок дошт; дар газетаи ин ҷамъият низ кор мекард. Ибтидои солҳои 50 дар радиои Кобул, агентии телеграфии «Бохтар» кор кард. Солҳои 1952—53 намояндаи атташеи матбуот дар сафоратхонаи Афғонистон дар ИМА; барои аҳли оилан шоҳи Афғонистонро дар газетаи амерккоӣ танқид карданаш аз кор гирифта шуд. Аз соли 1953 ба кори адабӣ машғул буд, муаллифи як қатор повесту ҳикояҳои дорои мазмунҳои тезу тунди иҷтимоӣ мебошад. Январи 1965 ба Партияи Демократии Халқи Афгонистон асос гузошт. Котиби генералии Комитети марказии Партияи Демократии Халқи Афгонистон ва муҳаррири газетаи ҳарҳафтаинаи он «Халқ» (дар Пленуми якум интихоб шуда буд). Аз ашъораш 1978 баъди бо роҳбарии Партияи Демократии Халқи Афгонистон дар Афғонистон ғалаба кардани революцияи халқӣ то марти 1979 Раиси Совети Вазирони Реслубликаи Демократии Афғонистон буд. Назаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …