ТАМБОВ, шаҳр, маркази вилоятиТамбови РСФСР. Бандар дар соҳили чапи дарёи Цна (ҳавзаи Волга), стансияи роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард. Аҳолиаш 290 ҳазор нафар (1984).
Соҳаҳои саноаташ: мошинсозӣ ва коркарди металл, таҷҳизот барои саноати химия, қисмҳои эҳтиётӣ барои автомобилу тракторҳо, мошинҳои оҳангарию оресс, асбобсозӣ ва электротехникӣ, таъмири вагон. Саноати химия, масолеҳи бинокорӣ, дӯзандагӣ, пойафзол, хӯрокворӣ, истеҳсоли мебел, низ ривоҷ ёфтааст. ТЭЦ дорад. 2 мактаби олӣ, 2 театр ҳаст.
Соли 1636 бунёд ёфтааст.