Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАМАРАХОНУМ – Тамара Артёмовна Петросян

ТАМАРАХОНУМ – Тамара Артёмовна Петросян

ТАМАРАХОНУМ (тахаллус; ном ва фамилияи аслиаш Тамара Артёмовна Петросян; таваллуд 29. 3. 1906, Фарғона) раққоса, балетмейстер ва сарояндаи советии ӯзбек, Артисти халқии СССР (1956) аъзои КПСС аз соли 1941. Соли 1925 техникуми театри марказии Москваро хатм намуд..

tamaraxonum

Солҳои 1926 -28 раққосаи ансамбли мусиқию этнографии Тошкент. Солҳои 1928-34 яке аз ташкилотчиёни театрҳои мусиқию драммавии Самарқанд, Қуқанд ва ғайра. Иштирокчии Фестивали 1-уми умумиҷаҳонии рақсҳои халқӣ (соли 1935) дар Лондон. Аз соли 1936 артискаи Филармонияи давлатии Узбекистон. Рақсу суруди халқҳои ресспубликаҳои бародарро бо маҳорати баланд иҷро мекунад. Лаурети Мукофоти давлатии СССР (1941). Бо 2 ордени Ленин, 6 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …