Маълумоти охирин

ТАЛОЯ

ТАЛОЯ (арабӣ — пешрав, пешгард), гурӯҳи пешгарди лашкар, яъне фавҷе аз лашкар аст, ки шабона шаҳр ва ё лашкаргоҳро аз душман посбонӣ мекунад.

taloya

Истилоҳи «Талоя» аз қадимулайём байни шарқиён, аз ҷумла мардуми мо маълум буд. Низомӣ ба ин маънӣ гуфтааст:
Талоя зи лашкаргаҳи ҳар ду шоҳ
Шуда посдоранда то субҳгоҳ.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …