Нупе (худ н у п еси зи гӯянд), халқест маскуни Нигерия (асосан дар штатҳои шимолӣ— шарқӣ ва Квара). Тақрибан 1,7 млн. нафар (1975). Забони Нупе ба забонҳои ква мансуб аст. Диндорон мусулмонанд; баъзе унсурҳои дину оинҳои анъанавӣ низ боқӣ мондаанд. Нупе аз ҷиҳати маданият ба халқҳои гбари ва игбира қаробат …
Муфассал »Нунг
Нунг, нун (худ б у н у н гӯянд), халқиятест, ки асосан дар шимоли РСВ (зиёда аз 535 ҳазор, 1978) ва РХХ (дар РХХ онҳоро гурӯҳи этнографии чжуанҳо меҳисобанд) маскунанд. Забони Нунг ба забони тойӣ мансуб аст. Дар байни Нунг дину оинҳои қадимии анимистӣ боқӣ мондааст. Машғулияти асосиашон деҳқонӣ, чорводорӣ …
Муфассал »Нумизматика
Нумизматика (аз лот. numisma, юн. nomisma — танга), фанни ёрирасони таърих аст, ки таърихи тасвироти тангаҳо, катибаҳо, вазн, аз кадом филиз сохта шудан ва аҳамияти онро дар муомилоти пулӣ ва ғайра меомӯзад. Нумезматика ба ҳалли масъалаҳои хронология ва ҳаёти сиёсӣ, маданияти моддӣ, таърихи ҳаёти иқтисодӣ, савдои дохилӣ ва берунӣ имконият …
Муфассал »Нуклеус
Нуклеус (лот. nucleus—гулӯла), пораи санги чақмоқ ё навъи дигари санг, ки аз он олоти сангӣ тайёр карда мешуд. Барои давраҳои Нуклеус ва пораи он палеолит, мезолит, неолит ва энеолит хос аст.
Муфассал »Норбӯтабий хони Хӯқанд
Норбӯтабий (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хони Хӯқанд (1769— 1801). Набераи ҳокими Хӯқанд Абдулкаримбий. Норбӯтабий баробари ба тахт нишастан харакати ҷудошавии бекҳои Чуст ва Намангонро пахш кард. Ӯ шӯриши беки Хуҷандро фурӯ нишонда шаҳрро тобеи худ кард. Аммо Уротеппа фақат ба ном ба Бухоро тобеъ шуда монд. Дар давраи …
Муфассал »Новелла Агостино
Новелла (Novella) Агостино (28.09.1905, Генуя — 15.09.1974, Рим), ходими ҳаракати коргарии Италия ва байналхалқӣ. Соли 1923 котиби Федератсияи сотсиалистони Генуя интихоб шуд. Аъзои Федератсияи коммунистони навони Италия (ФКЧИ, аз соли 1923) ва Партияи Коммунистон Италия (ПКИ, аз 1924). Коргари металлист буд. Солҳои 1924—1926 котиби Комитети вилоятии ФКЧИ-и Лигурия, аъзои КМ …
Муфассал »Нобилитет
Нобилитет (аз лот. nobilitas — ашроф), дар Республикаи Рим доираи маҳдуди оилаҳои патритсий ва плебенҳои ашроф, ки то ибтидои асри 3 то мелод ташаккул ёфтаанд. Мувофиқи анъана намояндагони Нобелтет ба мансабҳои олии давлатӣ соҳиб шуда метавонистанд. Ҳуқуқи номаҳдуди онҳо дар ишғол кардани мансабҳои олии давлатӣ сабаби он шуд, ки «одами …
Муфассал »Нобаробарии тараққиёти иқтисодӣ ва сиёсии капитализм
Нобаробарии тараққиёти иқтисодӣ ва сиёсии капитализм дар давраи империализм, таълимот дар бораи қонунияти инкишофп капитализм, муносибатҳои байналхалқии мамлакатҳои капиталнстӣ дар замони империализм, шароити байналхалқии ғалабаи револютсияи сотсиалистӣ, ки В. И. Ленин мазмуни асосии онро эҷод карда, КПСС ва дигар партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ инкишоф доданд. Нобаробарӣ, номутаносибӣ, зиддияти антагонистӣ хусусиятҳои …
Муфассал »Нишонаҳои ҳарбӣ
Нишоиҳое, ки дар либоси низомӣ дӯхта ё часпонда шуда, ба рутбаю дараҷаи хизматчиони ҳарбӣ ишорат мекунанд ва ба кадом навъи қушун тааллуқ доштани онҳоро нишон медиҳанд. Нишонҳои Ҳарбиро дар СССР Президиуми Совети Олин СССР муқаррар мекунад. Дар армияҳои ҳозира погонҳо, нишони каллапӯшҳо, петлитсаҳо — эмблемаҳо, нишонҳои сарисинагӣ ва остинӣ, кантҳо …
Муфассал »Нимча
Нимча ченаки вазн дар Осиёи Миёна. Нимча дар ноҳияиҳои мухталифи Осиёи Миёна, аз ҷумла аморати Бухоро гуногун буд. Бисёр маъхазҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки Нимча дар Мовароуннаҳр баробари 1/256 ман аст. Дар Бухоро ва Самарқанд бо мани 20 килограммӣ (асрҳои 15—16) Нимча тақрибан ба 78 грамм, дар Ҷиззах бо мани …
Муфассал »