Маълумоти охирин
Главная / Теги: Таърих (страница 36)

Теги: Таърих

МУОҲИДАҲОИ ГААГАИ СОЛИ 1899 ВА 1907

muohidai-gaaga

МУОҲИДАҲОИ ГААГАИ СОЛИ 1899 ВА 1907, муоҳидаҳои байнал- халқӣ барои муайян кардани қонун, русуми ҷанг, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои мамлакатҳои бетараф ва ҳалли осоиштаи мубоҳисаҳои байналхалқӣ. Ин муодидаҳо дар конференсияҳои 1-ум ва 2-юми осоиштаи Гаага, ки солҳои 1899 ва 1907 баргузор гардиданд, қабул шуданд. Ҳамон вақт оид ба маҳдуд намудани воситаҳои амалиёти …

Муфассал »

МУОҲИДАИ МУВАҚҚАТИИ ХАРБИЮ СИЁСИИ СОЛИ 1920 БАЙНИ РСФСР ВА РХСБ

kitob

МУОҲИДАИ МУВАҚҚАТИИ ХАР­БИЮ СИЁСИИ СОЛИ 1920 БАЙНИ РСФСР ВА РХСБ, (Республикаи Халқии Советии Бухоро) аввалин муоҳадаест, ки РХСБ Республикаи Халқии Советии Бухоро бо мақсади аз душманони дохилӣ ва берунӣ муҳофизат намудани музаффариятҳои Револютсияи Халқии Бухоро бо Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия бастааст. Яке аз вазифаҳои муҳимтарини республикаи навбунёд ташкил намудани …

Муфассал »

МУНТАХАБ-УТ-ТАВОРИХ

ul-lugot

«МУНТАХАБ-УТ-ТАВОРИХ» асари таърихии Муҳаммад Ҳакимхон. Хоҷа Муҳаммад Ҳакимхон ибни Саидмаъсумхон соли 1802/03 дар Хӯқанд таваллуд ёфтааст. Дар аҳди Муҳаммадалихон ҳокими вилоятҳои Тӯрақӯрғон, Намангон ва ғайра буд. Дертар аз мансаби ҳокимӣ дур карда шуд ва баъди ин ба Россия, Туркия, Сурия, Фаластин, Миср, Арабистони Саудӣ ва Эрон сафар кард. Баъди бозгашт …

Муфассал »

БОХТАРИҲО

baktriysi

БОХТАРИҲО, сокинони Бохтар, яке аз қадимтарин мардумони Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Бохтари Қадим, ки минтақаи шимоли Афғонистон, қисматҳои марказу ҷанубии Тоҷикистон ва ҷануби Ӯзбекистони кунуниро фаро мегирифт, зиндагӣ мекарданд. Маркази асосиашон шаҳри Балх буда, онҳо нахустин давлати аҳди қадими маҳаллӣ – давлати Каё­ниён ва тамаддуни қадимии Бохтару Марғушро бунёд гузоштаанд. …

Муфассал »

Маданияти Майкоп

maykop

МАДАНИЯТИ МАЙКОП, маданияти археологии нимаи дуюми ҳазораи 3 то м., ки дар доманаи кӯҳҳои Кавкази Шимолӣ паҳн буд. Аз номи қӯрғони Майкоп, ки соли 1897 тадқиқ гардид, гирифта шудааст. Аз Маданияти Майкоп бисьёр қӯрғонҳо боқӣ мондаанд, ки баъзеи онҳо истеҳкому бошишгоҳанд. Дар охири давраи Маданияти Майкоп мақбараҳои сангӣ пайдо шуданд. …

Муфассал »

Планҳои панҷсолаи тараққии хоҷагии халқи СССР

Планҳои панҷсолаи тараққии хоҷагии халқи СССР, шакли асосии кашидани плани тараққии иҷтимоию иқтисодии мамлакат, қисми таркибии системаи планхои дарозмуддат, миёнамӯҳлат (панҷсо­ла) на планҳои ҷории хоҷагии халқ, мебошад. (Нигаред Планкашии хоҷагии халқ). Планҳои панҷсола мақсади плани дарозмуддатро аниқтар карда, муҳлати иҷрои мунтазами онро муайян мекунанд, барои аз ҷиҳати техникию иқтисодӣ пурра …

Муфассал »

Плантагенетҳо

plantagenetho

Плантагенетҳо (PJantagenets), с у л о л а и А н ж у й, сулолаи шоҳони Англия (1154—«1399). Асосгузораш графи Анжуй Генрихи П. Коми Паз лақаби падари Генрихи П, графи Апжуй Жоффруаи Зебо, ки худ кулохашро бо шохчаи гули товусӣ (номи лотиниаш plan (a genista) зинат дода мегашт, ба вуҷуд …

Муфассал »

Печанакҳо

Печанакҳо, иттифоқи қабилаҳое, ки аз омезиши туркҳои кучманчӣ бо қабилаҳои сарматҳо, угору фин ташкил ёфта буд. Асрҳои 8—9 дар заминҳои байни Волга ва  Урал мезистанд. Асри  9 венгерҳои кучманчиро торумор карда, ҳудуди калонеро аз поёноби Волга то резишгоҳи Дунай ишғол намуданд. Машғулияти асосиашон чорводорӣ буд. Асри 10 ба гурӯҳҳои шарқӣ …

Муфассал »

Петрянов—Соколов Игор

petryanov-sokolov-igor

Петрянов—Соколов Игор Ва­силевич (таваллудаш 18. 6.1907, деҳаи Бол­шая Якшени ҳозира вилояти Горкий), физику химики советӣ, акад. АФ СССР (1966; аъзо- корр. 1953), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1971). Баъди хатми Университети давлатии Москва (1930) дар Институти физикаю химияи ба номи Л. Я. Кар­лов (аз соли 1908 мудири шӯъба) кор мекунад; дар як …

Муфассал »

Петрушёвский Иля Павлович

Петрушёвский Иля Павлович (22. 6. 1898, Киев—1977, Ленинград), шарқшиноси советӣ, мутахассиси таърихи асрҳои миёна ва нави Эрон, Закавказия ва Осиёи Миёна, доктори илми таърих (1941), профессори (1947). Соли 1926 факултетҳои таъриху филологияи университетҳои Харков ва Бокуро хатм намуда, дар Боку (1926—1931), Тбилиси (1931—1936) ва Ленинград (аз соли 1936) кор кардааст. …

Муфассал »