МУСОЕВ Абдулло (таваллуд 1922, деҳаи Саричашмаи pайони Шӯрообод, вилояти Кӯлоб), иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, донандаи се ордени шараф, ефрейтор. Соли 1943 ба фронт рафта, дар собиқ полки 515-уми тирандозии дивизияи Байрақи Сурхдори 134-уми Вердинск ҷангид. Мусоев барои шуҷоат ва корнамоиҳои ҷангиаш октябри 1944 ордени Шараф (дараҷаи 3), марти 1945 ордени …
Муфассал »МУСО ҶАЛИЛ
МУСО ҶАЛИЛ (Ҷ а л и л о в) Мусо Мустафович (15. 2. 1906, деҳаи Мустафино, ҳозира вилояти Оренбург — 25. 8. 1944, Берлин), шоири советии тотор, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1956, пас аз марг). Аз оилаи деҳқони кам-бағал. Аъзои Пратияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС аз соли 1929. Университети давлатии Москваро …
Муфассал »МУСАЭЛЯН Александр Аркадевич
МУСАЭЛЯН Александр Аркадевич (таваллуд 26. 6. 1926, Грозний), оли-ми советӣ дар соҳаи геологияи инженерӣ. Доктори илмҳои геологияю минералогия (1969), директори Филиали осиёи-миёнагии Институти тадқиқоти илмии асос ва иншооти зеризаминии ба номи Н. М. Герсеванов (аз 1974). Баъди хатми Университети Давлатии Тоҷикистон (1953) дар Институти лоиҳакашии «Тоҷикпроект» (1953— 61) дар вазифаҳои …
Муфассал »МУСАЙЯБ ЙБНИ ЗУҲАЙР
МУСАЙЯБ ЙБНИ ЗУҲАЙР (соли таваллуд ва вафот номаълум), яке аз ҳокимони хилофати араб дар волигии Хуросон. Соли 780 халифа Мусайяб Ибни Зуҳайрро ҳокими Хуросон таъин намуд, то вай ба исёни Муқаннаъ, ки тамоми Мовароуннаҳрро фаро гирифта буд, зарба занад. Ӯ дар Хуросон қувваи бисёре ҷамъ карда, ба Бухоро рафт ва …
Муфассал »МУСАЙЛИМА
МУСАЙЛИМА (номаш Маслама; Соли таваллуд номаълум — вафот 633), аз аҳли ханифия буда, пеш аз ислом дар нимҷазираи Арабистон тавдид (яккахудоӣ )-ро тарғиб кардааст. Роҳбари динии қабилаҳои сокини водии Ямома буд. Мусайлима дар давраи халифа Абӯбакр дар ҷанги зидди кабилаи Банӣ Ҳанифа ҳалок гардидааст. Дар адабиёти баъдинаи динӣ Мусайлимаро барои …
Муфассал »МУРОДОВ Ҷӯрабек
МУРОДОВ Ҷӯрабек (таваллуд 24. 12. 1942, деҳаи Куруди райони Аинӣ, вилояти Ленинобод), ҳофиз ва оҳангсози советии тоҷик (сопранои лирикӣ). Яке аз сарояндагони намоёни сурудҳои классикӣ ва халқии тоҷикӣ. Артисти Халқии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР (1979). Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ аз соли 1967. Тобишҳои оҳанг, ҷиҳатҳои хоси овоз ва …
Муфассал »МУРОДОВ Мухтор Қодирович
МУРОДОВ Мухтор Қодирович (таваллуд 20. 2. 1936, деҳаи Хамирҷӯи pайони Конибодом), анестезиолог ва реаниматологи советӣ, доктори илмҳои тиб (1970), профессор (1974). Саранестезиолог ва реаниматологи Вазорати нигаҳдории тандурустии Республикаи Советии Сотсиалистт Тоҷикистон. Баъди хатми факултети муолиҷавии Институти давлатии тиббии Тоҷи- ‘ кистон (1959) то соли 1964 духтур-анестезиолог ва реаниматологи клиникаи республикавии …
Муфассал »МУРОДОВ Латиф
МУРОДОВ Латиф (1913, деҳаи Маҳрами райони Конибодом — 1973, Ҳисор), ташкилотчии сохти колхозӣ дар Тоҷикистон, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1957), Устоди пахтаи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1957), Аълочии маорифи халқи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1945). Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Слветӣ КПСС аз соли 1941. Солҳои 1929—30 таълимгирандаи курси таълимии Хуҷанд, 1931—35 …
Муфассал »МУРОДИИ БУХОРОӢ
МУРОДИИ БУХОРОӢ Абулҳусайн Муҳаммад ибнии Муҳаммад (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 10 форс-тоҷик. Зодгоҳаш Бухоро. Бино ба гуфтаи Саолибӣ («Ятимат-уд-даҳр») Муродии Бухорои дар замони салтанати Сомониён зиставу эҷод карда, шӯҳрати зиёде ёфтааст. Муродии Бухорои яке аз ҳамсӯҳбатони устод Рӯдакӣ буда, пеш аз ӯ вафот кардааст. Рудакӣ дар ин …
Муфассал »МУРОДБЕКОВ Бахтдавлат
МУРОДБЕКОВ Бахтдавлат (таваллуд 1919, деҳаи Баччори pайони Шуғнон), чорводор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1963). Аъзои Партия Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС аз соли 1957. Солҳои 1939—45 дар колхози «Заря» ва аз соли 1946 дар совхози «Булункӯл»-и pайони Шуғнони Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ сардори бригадаи чӯпонон мебошад. Муродбеков дар инкишофи соҳаи чорводории район …
Муфассал »