Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шахсони машҳур (страница 169)

Теги: Шахсони машҳур

Назмӣ Муллонаҷмуддини Бухороӣ

2

Назмӣ  Муллонаҷмуддини Бухороӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 19 тоҷик. Назмӣ дар зодгоҳаш Бухоро таҳсили илм ва камоли касб намудааст. Возеҳ дар «Туҳфат-ул-аҳбоб фӣ тазкират-ил-асҳоб» дар 19-солагӣ вафот ёфтани Назмиро қайд карда, қариб ба дараҷаи девон расидани ашъори ӯро хабар медиҳад. Назмӣ бо забони турки низ ошно будааст. …

Муфассал »

Назмӣ

Назмӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1623, Балх), шоири тоҷик. Дар деҳаи Фулур (Фулул)-и Бадахшон таваллуд ёфтааст. Насрободӣ дар тазкирааш ба иштибоҳ Фулурро яке аз деҳоти музофоти Балх гуфтааст. Мувофиқи маълумоти муаллифи «Баҳр-ул-асрор» Маҳмуди Китобдор Назмӣ пас аа шӯҳрат пайдо кардан ба дарбори Имомқулихон даъват гардида, ба унвони маликушшуаро соҳиб …

Муфассал »

Назмии Истаравшанӣ Саидмаҳмудхон

Назмии Истаравшанӣ Саидмаҳмудхон (1827, Ӯротеппа —1892/1893, ҳамон қо), шоири тоҷик. Падари Зуфархони Ҷавҳарӣ ва бобои Суҳайлӣ  Ҷавҳаризода. Айёми кӯдаки ва ҷавониашро дар зодгоҳаш гузаронида- аст. Дар Бухоро таҳсили илм кар­дааст. Баъд аз хатми Мадраса Назмии Истарафшанӣ дар зодгоҳаш муддате мударрис, баъдтар муфтӣ ва сипас қозӣ шудааст. Назмии Истарафшанӣ ҳамчун шахси фозилу …

Муфассал »

Назмии Бухорои Сайидҷон-махдум

2

Назмии Бухорои Сайидҷон-махдум (соли таваллудаш номалум,  вафот 1918), шоири тоҷик. Дар тазкираҳои Мӯзтарам, Афзал Махдуми Пирмастӣ, Садри Зиё, инчунин дар «Намунаи адабиёти тоҷик»-и С. Айнӣ Назмии Бухорои ҳамчун шоири хуштабъ ва хушбаён ёд мешавад. Дар маҳфилҳои адабӣ ва мушоираҳое, ки Садри Зиё ташкил мекард, ӯ фаъолона иштирок менамуд. Тахаллуси шоириаш …

Муфассал »

Назирӣ Наимҷон

2

Назирӣ Наимҷон (А с л о н о в; таваллуд 20. 08. 1936, Ӯротеппа), шоири советии тоҷик. Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1965. УДТ-ро хатм кардааст (1959). Ходими журнали ҳаҷвии «Хорпуштак» (1959—1964), муҳаррири радио- журнали «Сӯҳбати дӯстон», сармуҳаррири Комитети давлатии телевизион ва радиошунавонии назди Со­вети Вазирони РСС Тоҷикистон …

Муфассал »

Назиршоев Асомиддин

Назиршоев Асомиддин (таваллуд 1924, деҳаи Арбобдараи ҳозира райони Орҷиникидзеооод), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Со­тсиалистӣ (1948). Солҳои 1939—1940 колхозчӣ, 1940—1948 сардори звенои пахтакорӣ ва аз соли 1948 колхозчии колхози ба номи Эрнст Телман (ҳоло с-овхози ба номи Эрнст Телман)-и райони Орҷоникидзеобод. Званои Н. солҳои 1946—1947 ҳосили фаровони пахта рӯёнд. Бо ордени Ленин …

Муфассал »

Назиров Кенҷа

Назиров Кенҷа (таваллуд 1921, Совети қишлоқ Чиртаки ҳозира pайони Турсунзода), пахтакор, Қанрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1957), Устоди пахтаи РСС       Тоҷикистон (1957).Аъзои КПСС аз соли 1943. Солҳои 1938—1939 колхозчӣ, 1939—1941 муаллим ва хонандаи мактаби муаллимтайёркунӣ, 1941—1944 иштирокчии Ҷанги Бу­зурги Ватанӣ, 1944 —1947 инструктори Комитети партиявии pайони Регар (собиқ Пахтаобод), 1947—1948 котиби ташкилоти …

Муфассал »

Назирии Нишопурӣ

2

Назирии Нишопурӣ Муҳаммадҳусайн (соли таваллудаш но­маълум— вафот 1612), шоири эронӣ. Назирии Нишопурӣ аслан аз Нишопур буда аз ҷавонӣ ба шеъру шоирӣ шавқи зиёд доштааст. Пас аз чанде аз Нишопур ба Кошон омада дар ҷамъомадҳо мушоираҳои шуарои он ҷо иштирок карда, сипас ба Ҳиндустон рафтааст. Дар он ҷо ба хидмати дарбори …

Муфассал »

Назири Акбарободӣ

2

Назири Акбарободӣ Валимунаммад (тақр. 1740 Деҳлӣ — 1830, Агра), шоири ҳинду. Ба забони урду менавишт. Намояндаи равияи демократи дар адабиёти ҳинду Назари Акбарободӣ воқеият ва ҳаёти ҷамиятии Ҳиндустонро реалистока тасвир мекард. Назари Акбарободӣ доираи мавзӯъ, ғоя ва жанрҳои назми урдуро васеъ намуд. Маишат ва ахлоқи мардуми оддии ҳинд мавзӯи ашъори …

Муфассал »

Назим

Назим ( Абдулбоқихоҷаи Бебок (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 19 тоҷик. Ҳашмат дар «Тазкират-уш-шуаро» номи ӯро Сайид Муҳаммадхоҷа зикр кардааст. Дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил ва баъд мударрисӣ кардааст Аз айёми таҳсил бо тааллуси «Бебок» шеър мегуфтааст, вале дар охири умр «Назим» тахалл. кардааст. Мувофиқи маълумоти тазкираи Возеҳ «Тӯҳфат-ул- …

Муфассал »