Неруда (Neruda) Ян (09. 07. 1834, Прага —22. 08. 1891, ҳамон ҷо), нависандаи чех. Дар Унститути Прага (аз соли 1853) ҳуқуқ ва фалсафаро омӯх- тааст. Муҳаррири чанд журнали адабӣ буд. Ба лирикаи гражданӣ, фалсафӣ ва маҳрамонаи Неруда (маҷмӯаҳои «Китоби шеърҳо», 1868; «Сурудҳои кайҳонӣ», 1878; «Сурудҳои ҷумъаи ранду алам», нашраш 1896 …
Муфассал »Неруда Пабло
Неруда (Neruda) Пабло (тахалл.; ном ва фам. Нефтали Рикардо Рейес Басуалто; 12. 7. 1904, Парраль — 23. 9. 1973, Сантяго), шоир ва ходими ҷамъияти Чили. Аъзои Партияи коммунистии Чили аз соли 1945. Дар Университети Сантяго хондааст. Дар корҳои дипломатӣ буд(дар Пспания, Мексика). Асарҳояш аз солҳои 20 чоп мешаванд. Дар маҷмӯаи …
Муфассал »Нерон Клавдии Тсезар
Нерон Клавдии Тсезар (Claudius Caesar Nero) (37—68), императори Рим (аз соли 54) аз сулолаи Юлий Клавдийҳо. Солҳои аввал бо ризоияти сенат ҳукмронӣ карда, баъд сиёсати таъкиб ва мусодиракуниро пеш гирифт. Ҷавобан ба ин на танҳо аъёну ашрофи сенат, балки табақаҳои дигар низ ба муқобили ӯ хуруҷ карданд. Дар натича бисьёр …
Муфассал »Нернст Валтер Фридрих Герман
Нернст (Nernst) Валтер Фридрих Герман (25. 6. 1864, Бризен, ҳозира Вомбжезно, Полша — 18. 11.1941, Обер — Тсибелле, назди Мускау, РДГ). физики немис. Яке аз асосгузорони химия и физикавии муосир. Аз соли 1902 профессори Университети Берлин. Солҳои 1905— 1922 директори Институти химия ва 1924 —1933 директори Институти физикаи Берлин буд. …
Муфассал »Соломея Нерис
Нерис (тахалл.; фам. Бачинскайте-Бучене) Соломея (17. 11. 1904, деҳаи Киршяи ҳозира, райони Вилкавишка — 7. 7. 1945, Москва), шоираи советии литвонӣ, Шоираи Халқии РСС Лит. (1945, баъди вафот). Аз оилаи деҳкон. Соли 1928 Университети Каунасро хатм кардааст. Асарҳояш аз соли 1923 нашр шудаанд. Нерис муаллифи мачм. шеърхоя «Саҳарии барвақт» (1927), …
Муфассал »Ҷон Непер
Непер, Н е й п и р (Napier) Ҷон (1550, Мерҷистоп-Касл, назди Эринбург —4. 4. 1617, ҳамон ҷо), математики шотланд, кашшофи логарифмҳо. Дар Университети Эдинбург таҳсил намудааст. Непер пуқтаҳои асосии таълимот доир ба логарифмҳоро то соли 1594 аз худ карда бошад ҳам, асари ӯ «Тавсифи ҷадвали аҷоиби логарифмҳо», ки ба …
Муфассал »Немчинов Василий Сергеевич
Немчинов Василий Сергеевич (15. 1. 1894, деҳаи Грабово, ҳозира вилояти Пенза — 5. 11. 1964, Москва), иқтисодчӣ ва статистики советӣ, академик АФ СССР (1946), акададемик АФ РССБ (1940), академик ВАСХНИЛ (1948). Аъзои КПСС аз соли 1940. Соли 1917 шӯъбаи иқтисоди Институти тиҷоратии Москваро хатм кардааст. Солҳои 1928—48 мудири кафедраи статистика, …
Муфассал »Немсова Вожена
Немсова (Nemcova) Вожена (4.2.1820, Вена — 21. 1. 1862, Прага), адибаи чех. Мактаби ибтидоиро хатм намуда, баъд худомӯзӣ кардааст. Воқеаҳои Револютсияи 1848-ро бо хайрхоҳӣ пешвоз гирифта, бо ҳамсараш Й. Немес дар деҳа ба корҳои маданию маърифатӣ машғул шудааст; дар матбуоти мутараққӣ низ ширкат варзидааст. Борҳо ба таъқиби ҳукуматдорон дучор шудааст. …
Муфассал »Немирович-Данченко
Немирович-Данченко Владимир Иванович (23. 12. 1858, Озургети, ҳозира Махарадзеи РСС Гурҷистон— 25. 4. 1943, Москва), режиссёр, арбоби театр, педагог, нависанда ва драматурги советӣ Артисти Халқии СССР (1936). Асосгузори (якҷоя бо К. С. Станиславский) Театри бадеии Москва (ҳозира Театри бадеии академии Москва ба воми М. Горкий). Солҳои 1876—79 донишҷӯи факултети физикаю …
Муфассал »Некрасов Николай Николаевич
Некрасов Николай Николаевич (таваллуд 1. 7. 1906, Иркутск), иқтисодчии советӣ, академик АФ СССР (1968; аъзо-корреспондент 1958). Аъзои КПСС аз соли 1950. Соли 1929 факти иқтисодип Университети Иркутскро хатм кард. Аз соли 1957 оид ба омӯзиши проблемаҳои комплексии тараққиёт ва ҷойгиронии қувваҳои истеҳсолии СССР тадқиқот мебарад. Аз соли 1968 роҳбари илмии …
Муфассал »