Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шахсони машҳур (страница 158)

Теги: Шахсони машҳур

Ниёзӣ Мавлоно Муҳаммад

Ниёзӣ Мавлоно Муҳаммад (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 16 эронӣ. Дар шаҳри Язд таҳсили илм намуда, ҳамон ҷо ба камол расида аст. Шахси донишманду фозили давраи худ ба шумор меравад. Дар тазкираҳо Ниёзӣ ҳамчун ғазалсарои моҳире ёд мешавад. Ашъори ӯ пурмаъниву рангин ва бо тахайюлоти дурпарвоз эҷод шудааст. …

Муфассал »

Ниёзова София

Ниёзова София (таваллудаш 24. 12. 1919, шаҳри Самарқанд), духтури тоҷик. Лейтинанти калони хизмати тиббӣ, номзади илмҳои тиб (1956), дотсент (1961), Духтури X и з м а т и н и ш о н д о­ д а и РСС Тоҷикистон (1956), Аълочии маорифи халқ ,Аълочии нигаҳдорни тандурустии СССР. Аз оилаи …

Муфассал »

Ниёзмуҳаммадов Бобоҷон Ниёзович

Ниёзмуҳаммадов Бобоҷон Ниёзович (05. 05. 1906, деҳаи Фирӯзобаи pайони Конибо дом — 25. 10. 1979, Ду­шанбе), забоншиноси советии тоҷик, доктори илмҳои филология  (1948), профессори (1952), академияи АФ РСС Тоҷикистон (1951), Ходими Хизматнишондодаи Илми РСС Тоҷикистон (1964). Аз оилаи кафшдӯз. Аъзои КПСС аз соли 1931. Иститути муаллимон Тошкентро хатм кардааст (1929). …

Муфассал »

Ниёзии Самарқандӣ

Ниёзии Самарқандӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 16 тоҷик. Тақрибан дар чоряки аввали асри 16 дар Самарқанд ба дунё омада, ҳамон ҷо савод баровардааст. Ниёзии Самарқанд аз табақаи аҳли меҳнат буда, то охири умр аз зодгоҳаш берун нарафтааст. Бино ба ишораи сарчашмаҳои адабию илмӣ («Музаккир-ул- адбоб»-и Нисорӣ», «Тазкират-уш-шуаро»-и …

Муфассал »

Ниёзии Бухороӣ

Ниёзии Бухороӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 16 тоыик. Дар Бухоро ба дунё омада, дар ҷавонӣ (тақрибан байни солҳои 1564—1566) ба Ҳиндустон рафтааст. Дар доираи адабии Ҳинд иштирок намуда, баъди 10 сол ба ватан бармегардад. Тазкиранигор ва ҳамзамони Ниёзии Бухороӣ Нисории Бухороӣ, ки бо ӯ вохӯрда, ҳамсӯҳбат шудааст, …

Муфассал »

Нидои Бухороӣ

Нидои Бухороӣ Хоҷа Абдулкарим валади қозӣ Маҳ­муд ибни қозӣ Ихтиёр (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1605, Ҳиндустон), шоири тоҷики нимап дуюми асри 16. Дар Бухоро таваллуд ёфта, таҳсили илмро низ дар ҳамон ҷо гузаронидааст. Мувофиқи маълумоти «Тазкират-уш-шуаро»-и Мутрибӣ Нидоии Бухороӣ бо вуҷуди мартабаи баланд ва фазлу дониш табиатан шахси бисёр …

Муфассал »

Нёлдеке Теодор

1

Нёлдеке (Noldeke) Теодор (02. 03. 1836, Ҳарбург — 25. 12. 1930, Карл­сруэ), шарқшинос, филолог ва таърихшиноси немис. Профессори забонҳои шарқи университетҳои Кил (аз 1868) ва Страсбург (1872—1906). Аз соли 1885 аъзо-корр. АФ Петербург, аз 1927 аъзои фахрии АФ СССР. Муаллифи асарҳои доир ба арабшиносӣ, эроншиносӣ, туркшиносӣ. Асарҳои муҳимтарини Ӯ ба …

Муфассал »

Неҳру Ҷавоҳирлол

1

Неҳру Ҷавоҳирлол (14. 11. 1889, Оллоҳобод — 27.05. 1064, Деҳлӣ), яке аз саромадони ҳаракати миллии озодихоҳӣ, арбоби сиёсӣ ва давлатии Ҳиндустон. Аз оилаи адвокат. Солҳои 1905—1912 дар мактаби асилзодагон ва Университети Кембриҷи Англия таҳсил карда, бо ғояҳои миллатпарастии ҳинду шинос шуд. Соли 1912 ба партия и Конгресси миллии Ҳиндустон (КМҲ) …

Муфассал »

Неҳру Рамешвари

1

Неҳру Рамешвари (1886 — 08. 11. 1966, Деҳли), ходимаи ҷамъиятии Ҳиндустон, пайрави М. К. Ганди. Солҳои 20 яке аз ташкилотчиёни фаъоли ҳаракати занҳо. Соли 1926 бо ташаббуси Неҳру «Лигаи занони Деҳлӣ»— яке аз аввалин дар мамлакат ташкилотҳои занои таъсис ёфт, Баъди истиқлолияти Ҳиидустон (1947) ба­рои баробарҳуқуқии занон ва бар зидди …

Муфассал »

Неъматуллоҳи Валӣ

1

Яке аз силсилаҳои маъруфи тасаввуф. Асосгузораш сӯфӣ ва шоири машҳури асри 14 Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, ки шаҷарааш ба имоми панҷӯми шиа Му­ҳаммад Боҷир мерасад. Дар давраи ҷавонӣ дар Самарқанд, Ҳирот ва Язд зиндагӣ карда, 25 соли охири ҳаёти дарвешонаи худро дар деҳаи Моҳо­ни Кирмон гузаронида, дар ҳамон ҷо мадфун аст. …

Муфассал »