Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шахсони машҳур (страница 156)

Теги: Шахсони машҳур

Никитин Василий Иванович

0

Никитин Василий Иванович (22. 4. 1902, деҳои Городише, ҳозира вилолият Орёл — 8. 10. 1973, Душанбе), хи­мики советӣ, доктори илмҳои хи­мия (1961), профессор (1962), академик АФ РСС Тоҷикистон. (1968). Ходими Хизматнишондодаи Илми РСС Тоҷикистон. (1972). Аъзон КПСС аз соли 1918. Иштирокчии Ҷанги гражданӣ ва Ҷанги дуюмн ҷаҳон. Соли 1932 Институти …

Муфассал »

Никитин Афанасий

0

Никитин Афанасий (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1472), сайёҳ ва тоҷири рус аз шаҳри Твер (ҳозира Кали­нин). Никел  бо мақсади тиҷорат соли 1466 аз шаҳри Твер баромада ба воситаи дарёи Волга ва баҳри Каспий аввал ба Дарбанд, баъд ба Боку ва аз он ҷо ба Эрон сафар кардааст. Баҳори 1469 …

Муфассал »

Низории Қаҳистонӣ

Низории Қаҳистонӣ Саъдуддин ибни Шамсуддин ибни Муҳаммад (1247, Бирҷанди Қаҳистон— 1320, ҳамон ҷо), шоири форс-тоҷик. Пас аз хатми Мад­раса ба хидмати маъмурии фармондори Қаҳистон даромада, борҳо ба Хуросон, Рай, Сиистон ва Қаҳистон сафар мекунад, шаҳру деҳот ва мардуми аз асорати муғул ба дод омадаро мебинад. Ин ҳама дар эҷодиёти Низории …

Муфассал »

Низомулмулк Абӯалӣ Ҳасан

Низомулмулк Абӯалӣ Ҳасан ибни Алӣ ибни Исҳоқи Тӯсӣ (1017 деҳаи Радакони вилояти Тӯси Хуросон —15. 10. 1092), вазири султонҳои Эрон Алпарслон ва Маликшоҳ Салчуқиён соли 1040 Ғазнавиёнро аз салтанати Эрон танг кар­да баровардавд. Дар ин давра Низомулмулк вазири султони Хуросон Алпарслон мешавад (1059); Дар замони фаъолпя­ти ӯ дар ҳамаи шаҳрҳои …

Муфассал »

Низомуддини Шомӣ

Низомуддини Шомӣ (соли таваллуд номаълум, Табрез — вафоташ тақрибан 1409), муаррихи охири асри 14 ва аввали асри 15 форс-тоҷик. Низомуддини Шомӣ солҳои 1392—1393 дар шаҳри Бағдод зиндагӣ кар­дааст. Вақте ки Темур Бағдодро забт кард, ба Низомуддини Шомӣ супорид (солҳои 1401— 1402), ки таърихи салтанаташро нависад. Низомуддини Шомӣ «Зафарнома»-ро навишт, ки …

Муфассал »

Низомуддини Домод

Низомуддини Домод Зайнуддин Маҳмуд (соли таваллудаш номаълум—вафоташ 1528), хаттоти форс-тоҷик. Домод ва шогирди Мавлоно Султоналии Машҳадӣ. Зодгоҳаш Нишопур. Аз намунаи осори ӯ китобати «Куллиёт»-и Мир Суҳайлӣ боқист (китобатро Султоналии Машҳадӣ шурӯъ карда, вале нотамом монд). Низомуддини Домод онро бо хати хеле олӣ ба итмом расонид. Зарҳалкории «Куллиёт» низ амали ӯст.

Муфассал »

Низомуддини Барҷандӣ

Низомуддини Барҷандӣ ибни Муҳаммад иб­ни Ҳусайни Бирчандӣ (нимаи дуюми асри 15 Бирҷандӣ Хуросон — вафот 1528), математик ва астроном, шогирди Алоудднни Кушчӣ. Яке аз давомдиҳандагони тадқиқоти олимони мактаби илмии Самарқанд. Низомуддини Барҷандӣ дар байни ҳамзамононаш на танҳо чун астроном ва математики номӣ, бал­ки чун тафсирдиҳандаи осори илмии олимоии Осиёи Миёна …

Муфассал »

Низомуддини Астарободӣ

Низомуддини Астарободӣ (соли таваллуд ва вафоташ но­маълум) ; шоири охири асри 15 — аввали асри 16. Дар Ҳирот рӯз гузаронида, ба Ҳусайни Бойқаро, Алишери Навоӣ ва амиру ҳокимони дигар қасидаҳо бахшидааст. Навоӣ дар «Маҷолис-ун- нафоис» ба қасидаҳои Низомуддини Астарободӣ, махсусан ба як қасидаи «Баҳория»-и ӯ баҳои баланд додааст. Девони Низомуддини …

Муфассал »

Низомуддин Мавлоно Маҳмуд

Низомуддин Мавлоно Маҳмуд ибни Амираҳмади Қории Яздӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 15 форс-тоҷик. Доир ба тарҷумаи ҳол ва таҳсилоташ тазкираҳо маълумот надодаанд. Низомуддин дар Шероз умр ба cap бурдааст. Вай ба монан­дн Абуисҳоқи Атъима дар шеър сабку услуби нав ба миён овардааст. Дар ашъораш номи либосҳо ва …

Муфассал »

Низомии Нишопурӣ Ҳасан

Низомии Нишопурӣ Ҳасан (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), насрнависи асри 13 форс-тоҷик. Яке аз муншиёни забардасти Хуросон будааст. Дар аввали умр ба Ғазнин ва аз он ҷо ба Ҳиндустон рафта дар дарбори ҳокимони Деҳлӣ Қутбуддин ва Шамсуддини Илтимиш муқим шуд. Муҳимтарин таълифоти Низомии Нишопурӣ китоби таърихии «Тоҷ_ ул-маосир» аст, ки …

Муфассал »