Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Низомуддини Шомӣ

Низомуддини Шомӣ

Низомуддини Шомӣ (соли таваллуд номаълум, Табрез — вафоташ тақрибан 1409), муаррихи охири асри 14 ва аввали асри 15 форс-тоҷик. Низомуддини Шомӣ солҳои 1392—1393 дар шаҳри Бағдод зиндагӣ кар­дааст. Вақте ки Темур Бағдодро забт кард, ба Низомуддини Шомӣ супорид (солҳои 1401— 1402), ки таърихи салтанаташро нависад. Низомуддини Шомӣ «Зафарнома»-ро навишт, ки он ба таърихи подшоҳии Темур бахшида шуда буд. Азбаски Низомуддини Шомӣ дар бисёр юришҳои Темур ширкат дошта, шоҳиди бевоситаи воқеаҳои таърихи буд, бисёр маълумотҳои асари вай дар тадқиқи давраи Те­мур аҳамияти калон дорад. Ӯ шоир низ буда бо тахаллусаш Низомии Шомӣ шеър мегуфт ва қисме аз ашъорашро дар «Зафарнома» сабт кардааст.

Ад.: Миклухо-Маклай Н. Д., Описание персидских и таджикских рукописей Института востоковедения АН СССР, в. 3, М., 1975; Стори Ч. А., Персидская литература. БиобиблнографическиЙ об­зор, ч. 2, М., 1972.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …