Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шахсони машҳур (страница 149)

Теги: Шахсони машҳур

Носир Ҷамол Абдунносир

Носир Ҷамол Абдунносир (15.01.1918, Бани Мур —28.09. 1970, Қодира), арбоби давлати ва сиёсии Миср. Аз оилаи корманди поч­та. Мактаби миёна (1935) ва омӯзишгоҳи ҳарбиро (1939) дар Қоҳира хатм намуд. Соли 1942 ба коллеҷи ҳарбии Штаби генералӣ дохил шуда, онро бо баҳои аъло хатм кард. Иштирокчии ҷанги Арабу Исроил (1948—1949). Солҳои …

Муфассал »

Носеҳи Xатлонӣ

Носеҳи Xатлонӣ Абдурраҳмонхоҷа ибни Мирзоподшоҳ (таваллудаш 1767-1768, Хатлон — соли вафоташ номаъ­лум), шоири тоҷик. Айёми кӯдакӣ ва таҳсили ибтидоиро дар зодгоҳаш гузаронидааст. Баъдан барои иқомаи таҳсил ба Бухоро рафт. Пас аз хатми таҳсил дар Бухоро сокин шуд. Ба шаҳрҳои Мовароуннаҳр, аз ҷумла Тошканду Хуҷанд сафар кардааст. Аз Носеҳи Xатлонӣ девони …

Муфассал »

Носеҳ Мирзо Араб

Носеҳ Мирзо Араб (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири эронӣ (асри 17). Дар мавзеи Аббосободи Исфаҳон ба дунё омадааст. Дар зодгоҳаш касби камол намуда, сипас дар Табрез зиндагиву эҷод кардааст. Аз ин рӯ, дар баъзе тазкираҳо ба нисбаи «Табрезӣ» ёд мешавад. Соиб ба Носеҳ эътиқоду эҳтиром дошта, ба якчанд ғазали …

Муфассал »

Носака Сандзо

0

Носака Сандзо (таваллудаш 30.03.1892, Хаги), ходими ҳаракати коргарии Япония ва байналхалқӣ. Соли 1917 Университети Кэйо (Япония)-ро хатм намуд. Дар кори ташкилоти коргарии Юайкай иштироки фаъол дошт, аз соли 1922 дар федератсияи меҳнати Япония кор кард.  Аъзои Партияи Коммунистии Япония (ПКЯ) аз соли 1922. Соли 1924 дар ташкили органи легалии ПКЯ …

Муфассал »

Норӣ Ибодуллоҳ

Норӣ Ибодуллоҳ Муҳаммадсолеҳи Бухороӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), олими тиб, дорушиноси асри 19 тоҷик. Дар Бухоро таваллуд ёфта, дар Самарқанду Хоразм таҳсили илм кардааст. Аз асарҳои Норӣ танҳо «Маҷмӯаи Солеҳӣ» то замони мо расидааст. Асари мазкур масъалаҳои таснифу ташхис ва пешгирию муолиҷаи бемориҳо, тайёр кардану истифода бурдани доруҳои соддаю …

Муфассал »

Норов Сӯюн

0

Норов Сӯюн (таваллудаш 1905, деҳаи Узуни pайони Ҳисор), яке аз иштирокчиёни фаъоли муборизаи зидди босмачигӣ дар Тоҷикистон, полковники милитсия. Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1932. Солҳои 1915—1925 бат­рак буд. Соли 1925 ба отряди махсус оид ба муборизаи зидди босмачиён дохил шуда, 1926 ба кори органҳои ОГПУ гузашт. Солҳои …

Муфассал »

Норденшелд Нилс Адолф Эрик

0

Норденшелд (Nordenskiold) Нилс Адолф Эрик (18.11.1832, Хелсинки — 12.8.1901, Далью, наздикии Малмё), геолог ва географи Шветсия, тадқиқотчии Арктика, баҳрнавард, муарриху картограф, аъзои АФ Стокголм (1858). Аъзо-корр. АФ Петербург (1879), аъзои фахрии Ҷамъияти географҳои рус (1881). Соли 1853 Университети Гелсингфорс (ҳоло Хельсинки )-ро хатм кард. Соли 1861 дар экспедитсияи О. Торелл …

Муфассал »

Норбӯтабий хони Хӯқанд

Норбӯтабий            (соли  таваллуд ва вафоташ номаълум), хони Хӯқанд (1769— 1801). Набераи ҳокими Хӯқанд Абдулкаримбий. Норбӯтабий баробари ба тахт нишастан харакати ҷудошавии бекҳои Чуст ва Намангонро пахш кард. Ӯ  шӯриши беки Хуҷандро фурӯ нишонда шаҳрро тобеи худ кард. Аммо Уротеппа фақат ба ном ба Бухоро тобеъ шуда монд. Дар давраи …

Муфассал »

Номии Самарқандӣ

Номии Самарқандӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 17). Дар Самарқанд зиндагӣ ва эҷод кардааст. Замони таълифи тазкираи Малехои Самарқанди (1688) Номии Самарқандӣ 80 сол дошта, дар шеъру шоирӣ шӯҳрат ёфта будааст. Зоҳираи ӯ бештар бо мутоиботаш писанди муосирон шудааст. Зеро Мале­ҳои Самарқандӣ аз девони ашъори Номии Самарқандӣ …

Муфассал »

Номии Исфаҳонӣ

Номии Исфаҳонӣ Мирзо Муҳаммадсодиқи Мусавӣ (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1790), шоир ва таърихнависи асри 18 эронӣ. Анҷоди Номии Исфаҳонӣ аз Шероз буда, дар замони ҳукмронии Сафавиён ба Исфаҳон омадаанд. Номии Исфаҳонӣ мувофиқи маълумо­ти тазкираҳо дар ҷавонӣ «машқи иншо карда, дар назму наср вуқуфе ҳосил» менамояд. Дар Шероз ба хидмати …

Муфассал »