Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шахсони машҳур (страница 137)

Теги: Шахсони машҳур

Орбели Иосиф Абгарович

1

Орбели Иосиф Абгарович (20. 3. 1887, Кутаиси —2. 2. 1961, Ленин­град), шарқшинос ва ҳодими ҷамъиятии советӣ, акад.емики  Академияи Фанҳои СССР (1935), академики Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии  Арманистон ва президенти нахустини он (1943—47). Соли 1911 Университети Пе- тербургро хатм кардааст. Солҳои 1914—31 досент ва профессори Университети Пе­тербург, баъдтар Университети давлатии …

Муфассал »

Ораши Камонгир

1

Ораши Камонгир, номи паҳлавонест аз лашкари Манучеҳр, ки тирандози моҳире буд. Қиссаи Ораш яке аз қадимтарин достонҳои ҳамосии халқҳои эронист. Дар Авесто («Тиштр-яшт») аз Ораш ва аз кӯҳи Айнрйо-Хшута ба сӯи Хванвант тир андохтани ӯ ёд шудааст. Тирро Аҳуромаздо, Митра (Меҳр) ва эзидони дигар то дар кӯҳи Хвапвант фуруд омаданаш …

Муфассал »

Оранский Иосиф Михайлович

1

Оранский Иосиф Михайлович (3. 5. 1923, Петроград —16. 5. 1977, Ленинград), шарқшинос-эроншиноси советӣ, доктори илмҳои филологӣ (1963). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Аз оилаи хизматчӣ. Университети давлатии Ленинградро хатм кардааст (1948). Солҳои 1951—55 муаллими Университети Давлатии Тоҷикистон, 1955—59 муаллими Институти давлятии педагогии Душанбе буд. Аз соли 1959 то поёни умр дар …

Муфассал »

Оппенгеймер Роберт

1

Оппенгеймер (Oppenheimer) Роберт (22. 4. 1904, Ню-Йорк-18. 2. 1967, Принстон), физики америкоӣ. Дар Университетҳои Гарвард, Кембриҷ ва Гёттинген таҳсил намудааст. Солҳои 1928—29 дар Лейден ва Сю­рих кор кард. Аз соли 1929 профессори Университети Калифорния ва Институти технологии Калифорния. Аз соли 1947 директори Институти тадқиқоти фундаменталии Принстон. Якҷоя бо М. Борн …

Муфассал »

Опарин Александр Иванович

01

Опарин Александр Иванович (2. 3. 1894, Углич — 21. 4. 1980, Моск­ва), биохимики назарияест оид ба пайдоиши ҳаёт дар рӯи Замин, академики Академияи Фанҳои СССР (1946; аъзо-корреспондент 1939), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1969). Соли 1917 Университети Моск­варо хатм карда, дар якчанд донишкадаҳои олӣ ва институтҳои тадқиқоти илмӣ кор кардааст. Солҳои 1942— …

Муфассал »

Онанд Мулк Роҷ

0

Онанд Мулк Роҷ (таваллуд 12. 12. 1905, Пешовар), нависанда ва ҳоди­ми ҷамъиятии ҳинду. Ба забони англисӣ менависад. Университети Лондонро хатм кардааст (1929). Доктори фалсафа, профессори Университети Панҷоб (1962). Соли 1996 ҳамроҳи Саҷҷод Зоҳир Ассосиасияи нависандагони прогрессивии Ҳиндустонро таъсис дода аст. Солҳои ҷанги граждании Испания дар таълифоти публисистиаш республикачиёнро тарафдорӣ кардааст …

Муфассал »

Омелянский Василий Леонидо­вич

0

Омелянский Василий Леонидо­вич (10. 3. 1867, Полтава — 21. 4. 1928, Гагра), микробиологи советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1923; аъзо-корреспондент 1916). Соли 1890 Университети Петербургро хатм кардааст. Солҳои 1893—1928 дар шуъбаи микробиологияи уму­мии Институти тиббии таҷрибавӣ кор кардааст (аз соли 1912 мудири шуъба). Асосан мақоми микроорганизмҳоро дар гардиши нитроген ва …

Муфассал »

Ом Георг Симон

0

Ом (Ohm) Георг Симон (16. 3. 1787, Эрланген—7. 7. 1854, Мюн­хен), физики немис. Дар Университети Эр­ланген таҳсил намуда (1805—06), баъд солҳои 1806—09 дар Готштад (Швейсария) муаллимӣ кардааст. Соли 1811 дар Эрлан­ген рисолаи докторӣ ҳимоя намуд. Солҳои 1813—33 дар шаҳрҳои гуногуни Германия муаллим  буд. Аз соли 1833 директори Мактаби политехникии Нюрнберг …

Муфассал »

Олӣ Неъматхони Шерозӣ

Олӣ Неъматхони Шерозӣ (тахаллус; номаш Мирзомуҳаммади Нуруддин; таваллуд байни 1630—40, Деҳлӣ — вафот 1710), шоири форсизабони Ҳиндустон. Аз оилаи табиб Ҳаким Муҳаммад Фатҳуддин. Олӣ дар ҷавонӣ бо падараш ба Шероз сафар карда, ҳамон ҷо маълумоти ибтидоӣ гириф­та, ба камол мерасад ва дар замони ҳукмронии Шоҳиҷаҳон боз ба Ҳиндустон баргашта, ба …

Муфассал »

Олминский Михаил Степано­вич

0

Олминский (фамилияи аслиаш Алекса н д р о в) Михаил Степано­вич (15.10.1863, Воронеж — 8. 5.1933 Москва ), ходими ҳаракати револютсионӣ дар Россия, публисист, муаррих, мунаққиди адабӣ. Аз оилаи амалдори хурд. Аъзои Партияи коммунистӣ аз соли 1898. Соли 1883 ҳангоми студенти Университети Петербург буданаш ба народоволчиён ҳамроҳ шуд. Соли 1885 …

Муфассал »