Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Олминский Михаил Степано­вич

Олминский Михаил Степано­вич

Олминский (фамилияи аслиаш Алекса н д р о в) Михаил Степано­вич (15.10.1863, Воронеж — 8. 5.1933 Москва ), ходими ҳаракати револютсионӣ дар Россия, публисист, муаррих, мунаққиди адабӣ. Аз оилаи амалдори хурд.

Аъзои Партияи коммунистӣ аз соли 1898. Соли 1883 ҳангоми студенти Университети Петербург буданаш ба народоволчиён ҳамроҳ шуд. Соли 1885 ҳабс гардида, ба Воронеж бадарға шуд. Соли 1893 аъзои «Гурӯҳи народоволчиён дар Петербург, дар крзужоки коргари тартиботи сиёсӣ мебурд. Соли 1894 ҳабс шуда, қариб 5 сол дар ҳуҷраи яккаса маҳбус буд ва соли 1898 ба Еқутистон бадарға шуд.

Соли 1904 ба Швейсария ҳиҷрат карда, дар редаксияҳои газетаҳои «Вперёд» ва «Пролетарий» бо роҳбарии В. И. Ле­нин кор кард. Соли 1905 аъзои ҳайати таҳририяи газетаҳои болшевикии «Новая жизн», «Волна», «Казарма» ва ғайра дар Петербург. Солҳои 1907—08 дар Боку, аз соли 1909 дар Петербург кори ташвиқотӣ мебурд. Солҳои 1911— 14 аъзои ҳайати таҳририяи редак­сиям газетаҳои «Звезда», «Правда», журнали «Просвешение». Соли 1915 муҳаррири ягона газетаи болшевикии легалии «Наша газета» дар Саратов.

Аз соли 1916 аъзои Бюрои КМ РСДРП оид ба вилояти Москва, муҳаррири журнали «Го­лос печатного труда *-и иттифоқи касаба. Баъди Револютсияи феврали 1917 яке аз муҳаррирони болшевики «Сотсиал-демократ»-и Москва, сипас дар Петроград дар «Правда» ҳамкорӣ кард, аъзои Бюрои’ КМ РСДРП (о) шуд. Марти 1917 аъзои Комитети москвагии РСДРП (б). Вакил ва яке аз раисони Съезди 6-уми РСДРП (б). Солҳои 1918—20 аъзои ҳайати таҳри­рияи «Правда». Солҳои 1920—24 ташкилогчӣ ва роҳбари Истпарт. Раиси Ҷамъияти болшевикони куҳансол, асосгузор ва муҳаррири журнали «Проле­тарская револютсия».

Аз соли 1928 аъзои маъмурияти Институти Владимир Илич Ленин. Муаллифи асару ёддоштҳои публисистӣ, таърихӣ ва адабиётшиносӣ мебошад. Дар бобати гирд овардан ва таҳлилу нашр кардани асарҳои Владимир Илич Ленин ва Г. В. Плеханов, ҳуҷҷатдои оид ба таърихи партия, ёддоштҳои иштирокчиёни муборизаи револютсионӣ, кор карда баромадани таърихи партия ва ҳаракати револютсионӣ дар Россия хизмати зиёде кардааст.

Ҳамчун мунаққиди адабӣ ба эҷодиёти М. Б. Салтиков-Шедрин диққати калон дода, мероси адабии Александр Сергеевич Пушкин, Н. А. Некрасов, Н. Г. Чер­нышевский ва дигарро тарғибу ташвиқ кард. Аз соли 1932 сармуҳаррир ва раиси комиссияи ҳайати таҳририя оид ба нашри асарҳои Салтиков- Шедрин. Вакили Конгресси 2-юми Интернатсионали Коммунистӣ (1920). Дар девори Кремли Майдони Сурх мадфун аст.

Асос: Сочинения Москва, 1935; В тюрьме (1690— 98), Москва, 1950; Из эпохи «Звезды» и «Правды» (Статьи 1911—14), Москва, 1950; Статьи о Салтымове-Щедриве, Москва, 1959.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …