Орлова Любов Петровна (11. 2. 1902, Звенигород, ҳозира вилояти Москва — 27. 1. 1975, Москва) актрисаи советии рус, Артисти Халқии СССР (1950). Дар Консерватория (1919 —22) ва техникуми театрии Москва (қисми хореографӣ; 1922—25) таҳсил намудааст. Солҳои 1926—33 дар Театри мусиқии ба номи В. И. Немирович-Данченко кор кардааст. Фаъолияти эҷодии актриса …
Муфассал »Орлов Юрий Александрович
Орлов Юрий Александрович (12. 6. 1893, деҳаи Томышево, ҳозира pайони Новоспасскийи вилояти Уляновск—2.10. 1966, Москва), палеонтолог ва гистологи советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1960; аъзо-корреспондент 1953). Соли 1917 Университети Петербургро хатм кардааст. Солҳои 1916—24 муаллими Университети Перм, 1924—35 муаллими Академияи ҳарбии тиббии Ленинград, 1933—41 профессори Университети давлатии Ленинград, аз соли …
Муфассал »Орлов Александр Сергеевич
Орлов Александр Сергеевич (4. 2. 1871, Москва — 6. 3. 1947, Ленинград), адабиётшиноси советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1931). Факултети таъриху филологияи Университети Москваро хатм кардааст (1895). Дар ҳамон университет ва мактабҳои олии дигар муаллим буд. Аз соли 1933 муассис ва роҳбари Шуъбаи адабиёти қадими руси Хонаи Пушкин. Муҳимтарин таълифи …
Муфассал »Орифӣ
Орифӣ (тахаллус; Фатҳуллоҳ ибни Котиби Дарвеши Шерозӣ; соли таваллуд номаълум — вафот 1562), шоир ва муаррихи эронӣ. Асарҳояшро ба забонҳои форсӣ ва туркӣ эҷод кардааст. Шоҳномачии (шахсе, ки таърихи манзуми ҳукмронии султонҳои Туркияи усмониро менавишт) султони Туркия Сулаймони 1 (ҳукмронии 1520—66) буд. Ба қалами ӯ таърихҳои манзум дар шакли маснавӣ …
Муфассал »Орифов Нусратулло
Орифов Нусратулло (таваллуд 1900, дещаи Суфон, районии Фарғонаи вилояти Фарғона, Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Солҳои 1916—29 батрак, чоряккор, 1929—39 колхозчӣ, 1939—45 сардори бригадаи обчакорӣ, 1946—56 сардори бригадаи пахтакории колхози«Съезди 22-юми партия» (собиқ «Коммунисти Тоҷикистон»-и райони Ленин). Аз соли 1971 нафақахӯри шахсӣ. Звенои Орифов соли …
Муфассал »Орифов Маъруф
Орифов (О р и ф й) Маъруф Орифович (1907, деҳаи Работи Поёни pайони Когони вилояти Бухоро — 1978, Душанбе), педагоги советии тоҷик, доктори илмҳои педагогӣ (1970), профессор (1971). Муаллими Хизматнишондодаи мактаби Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1958), «Аълочии маорифи халқи СССР». Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1956. Солҳои 1920— …
Муфассал »Орифов Амонулло
Орифов Амонулло Яҳёевич (23. 06. 1932, Ленинобод —21. 04. 1983, Душанбе), терапевти советӣ, доктори илмҳои тиб (1968), профессор (1969). L 1954 Институти давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1954—64 ординатори клиникӣ, аспирант, ассистент ва досенти кафедраи факултативӣ ва баъд терапияи госпиталии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон. Соли 1968 мудири кафедраи пропедевтикаи …
Муфассал »Орифи Xиравӣ
Орифи Xиравӣ Мавлоно Махдум (1388, Ҳирот —1449, ҳамон ҷо), шоири форс-тоҷик. Аз зиндагӣ ва таҳсили Орифи Xиравӣ маълумоте дастрас нест. Ӯ марди хуштабъ буда, бо номи Салмони Сонӣ маъруф будааст. Ин номро аз он ҷиҳат ба ӯ нисбат додаанд, ки ба мисли Салмони Соваҷӣ марди обиду порсо буда, табъу қудрати …
Муфассал »Орифи Қазвинӣ
Орифи Қазвинӣ Мирзо Абулқосим (1882, Қазвин — 1933, Ҳамадон), шоири эронӣ. Аз оилаи мулло. Ҳамчун шоир ва ҳофиз дар солҳои Револютсияи Эрон (1905—11) шӯҳрат ёфт. Орифи Қазвинӣ дар ин солҳо дар кӯчаву майдони шаҳрҳо консерт барпо карда, ашъорашро худаш ба оҳанг дароварда мехонд. Махсусан таснифҳои танқидие, ки бо оҳанги суруду …
Муфассал »Орифи Чоёбӣ
Орифи Чоёбӣ Абдуллоҳ (1882, Чоёби Афғонистон — 1944), шоири афғон. Аз оилаи тоҷир. Дар мадрасаи зодгоҳаш таҳсили илм кардааст. Дар корҳои савдо ба падараш ёрӣ дода, ба шаҳрҳои Бухоро, Хӯқанд ва ғайра мусофират кардааст. Орифи Чоёбӣ бо аҳли илму адаби шаҳрҳо ошноӣ пайдо карда, дар махфилҳои бедилхонӣ иштирок намудааст. Шеърҳои …
Муфассал »