Маълумоти охирин

Орифӣ

Орифӣ (тахаллус; Фатҳуллоҳ ибни Котиби Дарвеши Шерозӣ; соли таваллуд номаълум — вафот 1562), шоир ва муаррихи эронӣ. Асарҳояшро ба забонҳои форсӣ ва туркӣ эҷод карда­аст. Шоҳномачии (шахсе, ки таърихи манзуми ҳукмронии султонҳои Туркияи усмониро менавишт) султони Туркия Сулаймони 1 (ҳукмронии 1520—66) буд.

Ба қалами ӯ таърихҳои манзум дар шакли маснавӣ — «Таворихи оли Усмон» (ба забони форсӣ, 16000 байт), «Шоҳномаи Сулаймонӣ» (ба забони форсӣ 22000 байт) тааллуқ доранд.

Орифӣ таълифи таърихи мансури султонҳои усмониро бо номи «Ҳунар- нома» cap карда буд. Ин кори ӯро минбаъд муаррихон Афлотуни Шервонӣ мутахаллис ба «Асирӣ» ва Сайид Луқмони Ҳусайнӣ идома доданд. Дастнависи асарҳои Орифӣ дар китобхонаҳои Туркия маҳфузанд. Орифӣ рассом ва хаттот низ буд.

Адабиёт: Стори Ч. А., Персидская лите­ратура. Био-библиографический обзор, частӣ II—Ш, Москва„ 1972.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …