Оуэн (Ouen) Роберт (14. 5. 1771, Нютаун, Уэлс— 17. 11. 1858, ҳамон ҷо), сотсиалисти хаёлии англис. Писари косиб. Аз соли 1791 соҳибкор. Аз соли 1794—95 ширкати пахтаресии Чарлтонро таъсис намуд. 1800—29 сар- дори муассисаи бофандагӣ дар Ню-Ланарк (Шотландия). Аз масеҳияти ортодоксал дур шудани Оуэн дар ташаккули ҷаҳонбинии ӯ лаҳзаи муҳим …
Муфассал »Отуни Ҳиравӣ
Отуни Ҳиравӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоираи асри 16 тоҷик. Дар Бухоро ба дунё омадааст. Аз ишорати тазкиранигор Мутрибӣ бармеояд, ки ӯ чанде дар Ҳирот зиста, аз ин рӯ нисбати Ҳиравӣ гирифтааст. Отуни Ҳиравӣ шоираи соқибмаълумот, равшанзампр ва хозирҷавоб будааст. Дар махфилу анҷуманҳои доираи адабии Бухоро шеърхо мехонд, дар …
Муфассал »Отаҷалол Носир
Отаҷалол Носир (1845, Бухоро—1928, Самарканд), сароянда, навозанда ва бастакори тоҷик. Отаҷалол мусиқиро аввал аз модараш омӯхтааст. Сипас аз падараш, ки сароянда буд, роҳу усулҳои «Шашмақом»-ро ёд гирифт. Дар дарбори амир Музаффар (Шаҳрисабз), амир Абдулаҳад (Кармина, ҳоло Навоӣ), амир Олимхон( Бухоро )басарояндагон ва навозандагон сарварӣ кардааст. Отаҷалол солҳои 1920-27 дар Мактаб …
Муфассал »Отағиёс Абдулғанӣ
Отағиёс Абдулғанӣ (1859—1927), мусиқидон ва танбӯрнавози тоҷик. Аз Бухорост. «Шашмақом”-ро хеле хуб азбар намуда, ҳар як мақомро бо роҳу равиш ва услуби хос иҷро мекард. Баъди Револютсияи Октябр Отағиёс дар Мактаби мусиқии Бухоро аз қисмати мушкилоти «Шашмақом» ва усулҳои навохтани танбӯр дарс медод. Соли 1923 профессор В. А. Успенский бо …
Муфассал »Оташӣ Манучехр
Оташӣ Манучехр (таваллуд 1931, Бушаҳр), шоири эронӣ. Соли I960 ба Теҳрон рафта, шӯъбаи забон ва адабиётн англисии Донишсарои олиро хатм намудааст. Шеърҳояш аз соли 1954 чоп мешаванд ва дар маҷмӯаҳои «Оҳанги дигар» (I960), «Овози хок» (1968), «Дидор дар фалак» (1969) ва ғайра гирд омадаанд. Оташӣ шоири лирик аст ва дар …
Муфассал »Отахонова Хуршеда
Отахонова Хуршеда (таваллуд 2. 9. 1932, Душанбе), адабиётшиноси советии тоҷик. Аз оилаи хиаматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1959. Соли 1953 Университети Давлатии Тоҷикистонро хатм кард. Аз соли 1953 ходими илмӣ ва аз соли 1972 мудири шуъбаи мероси адабии Институти забон ва адабиёти Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Аввалҳо шеъру …
Муфассал »Отатурк Мустафо Камол
Отатурк Мустафо Камол (1881, Салоники—.10. И. 1938, Истанбул), асосгузор ва аввалин президенти Республикаи Туркия (1923—38). Маҷлиси бузурги миллии Туркия (МБМТ) соли 1934 вақте ки барои туркҳо фамилия ҷорӣ кард, ба Камол номи Отатурк («падари турк»)-ро дод. Аз оилаи чӯбфурӯш, собиқ мансабдори боҷхона. Маълумоти миёнаи ҳарбиро дар Салоники ва Монастир (Битол) …
Муфассал »Отасолеҳ
Отасолеҳ (таваллуд 1908, деҳаи Шорден, наздикии Марв), шоири халқии советии туркман. Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои КПСС аз соли 1941. Дар 3-солагӣ нобино шудааст. Аз соли 1919 ба шеъргӯӣ cap кард. Дар ашъораш партия («Болшевик маӯлубнашаванда аст, дӯстон!», 1920) ва меҳнати сотсиалистӣ («Ягон граммро нобуд намекунам», 1936) тараннум ва хурофот …
Муфассал »Отаназаров Абдуфаттоҳ
Отаназаров Абдуфаттоҳ (таваллуд 1914, pайони Олтиариқи Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистан), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Аъзои КПСС аз соли 1958. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). Солҳои 1930—41 сардори звено ва бригадаи кирмакдории колхози ба номи Владимир Илич Ленин, 1946—50 раиси колхози «Болшевик», 1950—52 хонандаи Мактаби раисони колхозҳо, 1952—60 ҷонишини раис, …
Муфассал »Отабоева Ҳоҷархон
Отабоева Ҳоҷархон (15. 1. 1915, деҳаи Арбобхотуни Совети қишлоқи Чортеппаи ҳозира раёони Ленин), пахтакор, Қаҳрамоии Меҳнати Сотсиалистӣ (1947). Солҳои 1929—45 колхозчӣ, 1945—53 сардори звенои пахтакорӣ, 1953—65 колхозчии колхози «Съезди 22-юми партия»-и райони Ленин ва аз соли 1965 нафақахӯри шахсӣ. Звенои Олтабоева солҳои 1945—47 ҳосили фаровони пахта руёнд. Бо 2 ордени …
Муфассал »