Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шахсони машҳур (страница 117)

Теги: Шахсони машҳур

БОЗОРОВ Мурод Аҳмадҷонович

images

БОЗОРОВ Мурод Аҳмадҷонович (таваллуд 29.6.1957, ноҳияи Марҳамати вилояти Андиҷони Ӯзбекистон), байтор, д. и. байторӣ (1994). Хатмкардаи Институти кишоварзии шаҳри Ивановои Руссия (1984). Байторӣ калони Филиали осиёимиёнагии Институти таҳқиқоти илмии умумииттифоқии оқсили Душанбе (1984-86), сарбайтор (1986-87), аспирант (1987-89) ва ходими илмии Институти таҳқиқоти илмии умумииттифоқии оқсили шаҳри Владимири Федератсияи Руссия (1989-90), …

Муфассал »

БОЗОРОВ

images

БОЗОРОВ Мирзоқул (1907, деҳаи Заркӯҳи ноҳияи Исфара – 14.5.1974, ҳамон ҷо), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1957), Устоди пахтаи ҶШС Тоҷикистон (1947). Солҳои 1930-34 колхозчии колхози ба номи Сюрупа, 1934-64 раиси колхозҳои «Болшевик», «Пахтакор», «Коммунизм» ва ба номи Свердпови ноҳияи Исфара буд. Аз соли 1964 нафақагири шахсӣ. Депугати Шу­рои Олии ҶШС …

Муфассал »

БОЗОРӢ

images

БОЗОРӢ Хоҷаалӣ, шоири тоҷик (асри 16). Зодгоҳаш Астаробод. Дар чанде аз монобеи адабӣ, аз ҷумла «Туҳфаи Сомӣ»-и Соммирзои Сафавӣ чун шоири хуштабъу ширинсухан ёд шудааст. Намунаҳо аз осораш (ғазалҳо, рубоиҳо, қитъаҳо) ба тавассути тазкираҳо боқӣ мондаанд. Абёти зерин аз ӯст: Бо дил гуфтам, ки эй дил аҳволи ту чист? Дил …

Муфассал »

БОЗОР СОБИР

bozor-sobir

БОЗОР СОБИР (насаб Собиров; таваллуд 20.10.1938, деҳаи Суфиёни ноҳияи Файзобод), шоири тоҷик. Хатмкардаи УДТ (1962). Ходими адабӣ ва мудири шуъбаи газетаи «Маориф ва маданият» (то соли 1975), мудири шуъбаи назми маҷаллаи «Садои Шарқ» (1975-79), ҷонишини раиси Шурои назми ИН Тоҷикистон (1979-81), мушовири шуъбаи назми ИН Тоҷикистон (1981 – 90), вакили …

Муфассал »

БОЗОН

images

БОЗОН Бодом, Бозом, охирин ҳокими эронии дастнишондаи Сосониён дар Яман. Бозон баъд аз Хурра Хусрав аз ҷониби шоҳ Хусрави Парвиз (ҳукмронӣ 590-628) ҳокими Яман таъйин гардид. Баъзе муаррихон насаби Бозонро ба воситаи Вахраз ба хонадони Сосониён расонидаанд. Бозон аз мардуми эронии муқими Яман буд, ки онҳоро «абно» мегуфтанд. Тағйироти бавуҷудомададар …

Муфассал »

БОЗИЛ

images

БОЗИЛ Мирзо Муҳаммадрафеъ ибни Мирзо Маҳмуди Машҳадӣ (фавт 1173), ходими давлатӣ ва шоири форсизабони Ҳиндустон. Падараш аз Машҳади Эрон ба Ҳинд омада, дар хидмати давлат буд, баъдан писараш Бозил низ ба корҳои давлатӣ машғул шуд. Бозил, чунонки дар маъхазҳои адабӣ омадааст, шоири ғазалсаро буд, вале маснавии хамосавии «Ҳамлаи Ҳайдарӣ» ба …

Муфассал »

ЛОБОДИН Иван Иванович

ЛОБОДИН Иван Иванович

ЛОБОДИН Иван Иванович (1900, деҳаи Старая Порубежкаи вилояти Саратов — 21. 10. 1941, деҳаи Копании Ростовы Дон), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1942). подполковник. Аъзои КПСС аз соли 1919- Иштирокчии муборизаи зидди босмачиён дар Тоҷикистон. Баъди хатми Курсҳои олии ҳарбӣ-сиёсии Киев (1923) ба фронти Туркистон фиристода шуд. Соли 1924 комиссари ҳарбӣ ва …

Муфассал »

БОЗЕ

bose

БОЗЕ Шатендранатҳ (1.1.1894, Калкатта – 4.2.1974, ҳамон ҷо), физик ва риёзидони ҳинд, узви Ҷамъияти шоҳии Лондон (1958), профессор миллии Ҳиндустон (1958). Соли 1915 Ун-ти Калкаттаро хатм кардааст. Солҳои 1924— 25 дар Порис таҳти роҳбарии М Склодовская-Кюри кор кард. Профессор ун-тҳои Дакка (1926-45) ва Калкатта (1945 – 56). Бозе дар соҳаи …

Муфассал »

БОЗ

images

БОЗ, яке аз фармонфармоёни диёри Мағриб. Мувофиқи иттилои дар “Ҳабибу-с-сияр”-и Хондамир омада (ин иттилоия ба қавли муаллиф дар “Равзату-с-сафо” мастур будааст), Боз барои табобати яке аз наздиконаш, ки сокини Мақдунияи Юнон буд ва ба бемории барас (песӣ) гирифтор шуда буд, Ҷолинусро даъват намуд. Ҳукмрони шаҳре, ки Ҷолинус дар онҷо зиндагӣ …

Муфассал »