Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шахсони машҳур (страница 111)

Теги: Шахсони машҳур

БОЛИВАР (Bolivar) Симон

bolivar-simon

БОЛИВАР (Bolivar) Симон (24.7.1783, Каракас, Вене­суэла, 17.12.1830 – Санта-Марта, Колумбия), яке аз роҳбарони муборизаи озодихоҳонаи мустамликаҳои Испания дар Амрикои Лотинӣ, ходими давлатӣ. Дар шаҳри Каракаси Венесуэла, дар оилаи ашрофзода таваллуд шудааст. Аз падару модар барвақт маҳрум гашта, таҳти васояти амакаш ба камол расидааст. Солҳои 1799-1806 ба Аврупо карда, дар Испания, …

Муфассал »

БОЛДИРЕВ Алексей Василевич

images

БОЛДИРЕВ Алексей Василевич (27.3.1780-29.8.1842, Маскав), забоншинос-шарқшиноси рус. Хатмкардаи Университети давлатии Маскав (1805). Баъдан дар Олмон ва Фаронса таҳсил кардааст. Профессор (1815) ва ректори Университети давла­тии Маскав (1832-37). Соли 1811 дар Университети давлатии Мас­кав таълими мунтазами забонҳои Шарқ (арабӣ, яҳудии қадим, форсӣ ва ғайра)-ро ҷорӣ намуд. Муаллиф ва мураттиби «Грамматикаи мухтасари …

Муфассал »

БОЛДИРЕВ Александр Николаевич

boldyrev_an

БОЛДИРЕВ Александр Николаевич (29.5.1909, Санкт- Петербург -1993, ҳамон ҷо), шарқшинос-эроншиноси рус, доктори илмҳои филология (1954), профессор (1959). Ходими хидматнишондодаи илми Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1969). Хатмкардаи Институти фалсафа, адабиёт ва санъати шаҳри Ленин­град (1931). Ходими илмии Базаи тоҷикистонии АИ Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ (1933-36), шуьбаи Шарқи Эр­митажи давлатии Ленинград (1936-41), …

Муфассал »

БОҚӢ РАҲИМЗОДА

boqi_rahimzoda-350x300

БОҚӢ РАҲИМЗОДА (то соли 2012 Қурултой), деҳа дар ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ. Аз Боқӣ Раҳимзода то маркази ноҳия 1,5 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 4200 нафар (2013). Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, клуб барои баргузории маъракаҳои мардум ва масҷиди панҷвақта дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ ва …

Муфассал »

БОҚӢ Маҳмуд Абдулбоқӣ

images

БОҚӢ Маҳмуд Абдулбоқӣ (1527, Истанбул-1599, ҳамон ҷо), шоири турк. Дар мадрасаи Сулаймонияи Истанбул таҳсил кардааст. Дар 19-солагӣ чун шоири ма­қоми аввали Истанбул шуҳрат ёфт ва ба хидмати ҳукмрони давр Султон Сулаймон дохил шуд. Минбаъд мударриси мадрасаҳои машҳури он замон ва қозӣ (муддате дар Макка) буд. Боқӣ девони ашъор (нашри якумаш …

Муфассал »

БОҚӢ ибни Муҳаммад ибни Юсуф

images

БОҚӢ ибни Муҳаммад ибни Юсуф, кандакор, хаттот ва шоири тоҷик (охири асри 15 – аввали асри 16). Аз деҳаи Оббурдани Кӯҳистони Мастчоҳ. Панҷ катибаи ӯ аз деҳаи Оббурдан ва сетояш аз деҳаи Ревомутки Кӯҳис­тони Мастчоҳ ёфт шудаанд. Катибаҳо оид ба аҳволу зиндагии ӯ маълумот медиҳанд. Боқӣ барои катибаҳои санги мазор …

Муфассал »

БОҚИРХОН

images

БОҚИРХОН (1862 маҳаллаи Хиёбони Табрез – 1916, Қасри Ширин), яке аз сарварони наҳзати Табрез (1908— 1909), мулаққаб ба «Солори миллӣ». То инқилоби машрута (1905—07) ба бинокорӣ машғул буд. Ҳаёти Боқирхон дар давраи инқилоб бо воқеоти зиндагии Сатторхон марбут аст ва ин ду шахсият ба унвони ду ҳамразм ёд мешаванд. Пас …

Муфассал »

БОҚИРИИ ҲИРАВӢ

images

БОҚИРИИ ҲИРАВӢ шоири форс-тоҷик (асри 15). Дар зодгоҳаш – шаҳри Ҳирот улуми мутадовилаи даврашро омӯхта, ба камол расидааст. Пас аз касби камол ба доираи адабии дарбори Султон Ҳусайни Бойқаро ворид шуд. Дар шеъру шоирӣ шогирди Шаҳдоби Ҳиравӣ – шоири маъруфи замонаш буд. Боқирии Ҳиравӣ дар анвои гуногуни назм – қасидаву …

Муфассал »

БОҚИРИ ҲИРАВӢ

images

БОҚИРИ ҲИРАВӢ донишманд ва хушнависи асри 16-и тоҷик. Фарзанди хаттоти маъруф Миралии Ҳиравӣ. Санъати нозуки хаттотию хушнависиро аз пада­раш омӯхтааст. Боқири Ҳиравӣ ба ғайри хунарманди хушнавис будан илмҳои мутадовилаи замонаш — хусусан калом ва ҳикматро хеле батакмил аз худ намудааст. Ӯ аввал дар дарбори ҳокимони Ҳиндустон хидмат карда, баъдҳо дар …

Муфассал »

БОҚИРИ ХУРДАИИ КОШОНӢ

images

БОҚИРИ ХУРДАИИ КОШОНӢ Мавлоно Муҳаммадбоқири Хурдафурӯш, мутахаллис ба Боқир (фавт 1629, Бурҳонпури Ҳиндустон), шоири форсизабони Ҳиндустон. Сабаби бо номи Хурдаӣ машҳур будани ин шахсро муаллифи «Тазкираи Майхона» Абдуннабии Фахруззамонӣ дар он донистааст, ки ӯ ба хурдафурӯшӣ (резаворфурӯшӣ) машғул будааст. Сайд Нафисӣ зодгоҳашро деҳаи Хурда гуфтааст. Дар шеър шогирду пайрави Муҳташами …

Муфассал »