Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОҚИРХОН

БОҚИРХОН

imagesБОҚИРХОН (1862 маҳаллаи Хиёбони Табрез – 1916, Қасри Ширин), яке аз сарварони наҳзати Табрез (1908— 1909), мулаққаб ба «Солори миллӣ». То инқилоби машрута (1905—07) ба бинокорӣ машғул буд. Ҳаёти Боқирхон дар давраи инқилоб бо воқеоти зиндагии Сатторхон марбут аст ва ин ду шахсият ба унвони ду ҳамразм ёд мешаванд. Пас аз табаддулоти Муҳаммадалишоҳи Қоҷор бар зидди низоми машрута, пароканда шудани Маҷлиси Шӯрои Миллӣ ва шикасти машрутахоҳон дар Теҳрон (22 июни 1907) маркази муқовимати машрутахоҳон ба Табрез интиқол ёфт. Анҷумани иёлотии Табрез аз ҳисоби муборизони Табрез бо сарварии Сатторхон ва Боқирхон нерӯҳои ҳарбӣ таъсис намуд (сентябри 1907). Дар тули ёздаҳ моҳи мубориза ба Сатторхон ва Боқирхон муяссар гардид, ки не­рӯҳои истибдодии шоҳро бо сарварии Абдулмаҷид Мирзо (Айнуддавла) шикаст дода, ба ақибнишинӣ маҷбур намоянд. Айнуддавла Табрезро дар ҳолати муҳосира нигоҳ медошт, вале Боқирхон ҳамвора истодагарӣ мекард. Руссия ва Англия, ки пас аз қарордоди соли 1907 ҳар кадом қисмате аз сарзамини Эронро амалан дар ихтиёр доштанд, тавофуқ карданд, ки бо мақсади ҳимояи шаҳрвандони хориҷӣ қувваҳои низомии рус вориди Табрез шаванд ва роҳи маводди хӯрокиро ба шаҳри Табрез кушоянд. Сатгор­хон ва Боқирхон аз идомаи мубориза даст кашида, пас аз воридшавии русҳо ба консулгарии Усмонӣ паноҳанда шуданд (июни 1909)

Дар ин байн Теҳрон аз ҷониби муборизони бахтёрӣ ва гелонӣ истило гардида, ба салтанати истибдодии Му­ҳаммадалишоҳ хотима дода шуд ва ҳукумати муваққатӣ таъсис гардид. Русҳо барои хориҷ кардани Сатторхон ва Боқирхон аз Табрез мекӯшиданд ва Мухбируссалтана (волии на­ви Озарбойҷон) ба ин андеша мувофиқ буд, ба далели ин ки онҳо ба дастурҳои давлат итоат намекарданд. Саттор­хон ва Боқирхон бо даъвати ҳукумати марказӣ ва ташвиқи Мулло Муҳаммадкозими Хуросонӣ ба Теҳрон ворид шуданд. Истиқболе, ки мардуми Теҳрон аз ин ду қаҳрамони муборизи Табрез карданд, то он замон аз хеҷ подшоҳе ба амал наёмада буд. Сатторхон ва Боқирхон расман дар боғи шоҳ пазироӣ шуданд ва дар Кохи Гулистон бо Аҳмадшоҳ мулоқот карданд. Барои Боқирхон Боғи Ишратобод ҷойи иқомати расмӣ таъйин карда шуд. Маҷлиси Шӯрои Миллӣ онҳоро бо ор­ден сарфароз гардонида, барои ҳар кадом 1000 тумон моҳона муқаррар кард.

Дар муборизаи байни эътидолиён ва демократҳо дар ҳукумати машрута бо пуштибонӣ аз гурӯҳи якум бар зид­ди намояндагони демократи Маҷлис суханронӣ карда, батадриҷ робитаҳои байни ду сардори табрезӣ бо Саййидҳасан Тақизода – раҳбари демократҳо тира гардид. Саранҷом Маҷлиси Шӯрои Миллӣ қарор кард, ки муҷоҳидон дар зарфи 48 соат силоҳҳои худро ба ҳукумат супоранд. Ин амр ба ҷанги байни муҷоҳидон ва қувваҳои давлатӣ дар иқоматгоҳи Сатторхон анҷомид ва Боқирхон бо гурӯҳи худ ба сардори миллӣ пайваст. Маҷлис барои Боқирхон сесад тумон моҳона таъйин кард, ки он то охири умр ба ӯ пардохт шавад.

Боқирхон дар оғози Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ҳамроҳи гурӯҳи озодихоҳон раҳсипори қаламрави Усмонӣ дар Ироқ шуд (ноябри 1915), вале баъди шикасти Олмон ва пароканда шудани озодихоҳон ӯ дар роҳи бозгашт ба ватан дар наз­ди Қасри Ширин аз ҷониби Муҳаммадамини Курди Толибонӣ ба қатл расонда шуд (1916). Баъдан ҷасади Боқирхон аз деҳаи Муҳаммадамин ба Табрез интиқол ёфт.

Адабиёт.: Большая советская энциклопедия. Т. 2, Москва, 1970;

С. .Ҳусайнов

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …