Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шахсони машҳур (страница 103)

Теги: Шахсони машҳур

МУЛЛОЕВ Қурбон

person

МУЛЛОЕВ Қурбон (таваллуд 1905, Хуҷанд), пахтакор, Каҳрамони Меҳна- ти Сотсиалистӣ (1951). Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ  КПСС aз соли 1945. Солҳои 1929—35 коркуни шӯубаи районии хоҷагии қишлоқи Қурғонтеппа, 1936—44 сар­дори бригадаи пахтакорӣ, 1945— 55 раис ва 1956—59 сарагрономи колхози ба номи Владимир Илич Ленин, 1960—65 раиси Совети қишлоқи Кали­нини pайони …

Муфассал »

МУЛЛОБУРҲОНИ ХАТЛОНӢ

person

МУЛЛОБУРҲОНИ ХАТЛОНӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), мударрис ва шоири охири асри 19 ва аввали асри 20. Дар вилояти Кӯлоби ҳози- ра таваллуд ёфта, дар Бухоро илм омӯхт. Мударриси мадрасаи Хоҷа Муҳаммади Порто (Бухоро) буд. М.уллобурҳонӣ Xатлонӣ, ки аз фазлу дониш баҳраи тамом дошт, аввалҳо бо тахаллуси «Муштоқӣ» шеър мегуфт …

Муфассал »

МУЛЛОБОЕВ Эргаш

person

МУЛЛОБОЕВ Эргаш (таваллуд 1926, деҳаи Ғулакандози pайони Пролетар, чорводор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1971). Иштирокчии Ҷан­ги Бузургни Ватанӣ (1941—45). Солҳои 1940—43 колхозчӣ, 1947—66 механизатор ва аз соли 1967 сардори бригадаи хошоктайёркунии колхози ба номи Владимир Илич Ле­нини райони Пролетар мебошад, Бригадир Муллобоев охирҳои 1967- 71 мунтазам ба ҳисоби миёна аз ҳар …

Муфассал »

МУЛЛОБЕҲЗОД

person

МУЛЛОБЕҲЗОД  (соли таваллуд ва вафот номаълум), мусаввири асри 17 тоҷик, намояндаи мактаби минётури Бухоро. Дар китобхонаҳои Абдулазизхон ва Субҳонқулихон кор кардааст. Аз ҳунари ӯ чор минётур дар «Хамса»-и Низомӣ (солҳои 1668— 71 дар Бухоро китобат шудааст; дар коллексияи Честер Битти, Дублин) боқӣ мондааст. Тахмин меравад, ки Муллобеҳзод дар ороишоти дигар …

Муфассал »

МУИНӢ

person

МУИНӢ       (соли таваллуд ва вафот но­маълум), муаррихи асри 19 тоҷик. Дар бораи Муинӣ дар сарчашмаҳо маълумоте нест. Фақат аз рӯи асараш Таъ- рихи авоил ва авохир» ё «Таърихи Бухоро* маълум мегардад, ки ӯ дар замони ҳукмронии амир Ҳайдар (1800—25) зиндагӣ кардааст ва шоҳиди воқеаҳои ин давра будааст. Адабиёт.: Мухта ров …

Муфассал »

МУИНУДДИНИ ФАРОҲӢ

person

МУИНУДДИНИ ФАРОҲӢ    ибни Шарафуддини Ҳоҷи- муҳаммад (соли таваллуд номаълум — вафот 1501), воиз, хатиб ва хаттоти асри 15 форс-тоҷик. Чанд муддат дар Хирот қозӣ будааст. Аз худ осори зиёде гузоштааст. Аз ҷумла, китоби «Меъроҷ-ун-нубувва» (оид ба ҳаёт ва фаъолияти Муҳаммади пай- ғамбар) ниҳоят машҳур аст. Дар хати настаълик, устод буда, …

Муфассал »

МУИНУДДИНИ HATAHЗӢ

person

МУИНУДДИНИ HATAHЗӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), муаррихи охири аари 14 ва ибтидои асри 15 форс-тоҷик. Дар бораи ҳаёту фаъ- олияти ӯ маълумоти пурра нест. Мувофиқи маълумоти баъзе тазкиранависон, аз ҷумла Давлатшоҳи Самарқандӣ, Муинуддини Натанзӣ аслан аз Систон буда, дар Форс зиндагӣ кардааст. Соли 1413 дар Шероз асари машҳури худ …

Муфассал »

МУИНУДДИНИ ИСФИЗОРЪ

person

МУИНУДДИНИ ИСФИЗОРЪ Мавлоно (соли таваллуд ва вафот номаълум), хаттот ва муаррихи асри 16 форс-тоыик. Дар Исфизори Ҳирот ба дунё омада, дар он ҷо нашъунамо ёфтааст. Дар хати настаълиқ устод буда, услуби Тоҷи Сал­монӣ ва Хоҷа Абдулҳайи Мунширо неписандидааст. Муинуддини Исфизоръ аз шогирдони Хоҷа Абдуллаҳ аст. Ӯ инчунин китоби оид ба …

Муфассал »

МУИНУДДИН МАҲМУДИ НАҚШБАНДӢ

person

МУИНУДДИН МАҲМУДИ НАҚШБАНДӢ ибни Хоҷа Хованди Махмуди Алавии Ҳусайнӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), фақеҳ ва донишманди асри 17 тоҷик. Доир ба ҷараёни  зиндагиаш маълу­моти кофӣ нест. Дар Бухоро таваллуд ёфта, ба камол расидааст. Аз рӯи маълумоти сарчашмаҳо шахси бомаърифат будааст. Тақрибан солҳои 1657—61 дар Ҳиндустон зиндагӣ кардааст. Аз пайравони …

Муфассал »

МУИНИИ ҶУВАЙНӢ – Муинуддин

person

МУИНИИ ҶУВАЙНӢ – Муинуддин (соли таваллуд ва вафот номаълум), насрнависи асри 15 форс-тоҷик. Мувофиқи ахбори тазкираву манбаъҳои адабӣ Муинии Ҷувайнӣ яке аз насрнависон ва орифони машҳури замон будааст. Аз ӯ ду асар: «Нигористон» ва «Аҳсан-ул-қисас» (қиссаи Юсуф ва Зулайхо) боқӣ мондааст. «Нигористон», ки ба қавли Давлаташоҳи Самарқандӣ ба Улуғбек бахшида …

Муфассал »