Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУИНУДДИНИ HATAHЗӢ

МУИНУДДИНИ HATAHЗӢ

personМУИНУДДИНИ HATAHЗӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), муаррихи охири аари 14 ва ибтидои асри 15 форс-тоҷик. Дар бораи ҳаёту фаъ- олияти ӯ маълумоти пурра нест. Мувофиқи маълумоти баъзе тазкиранависон, аз ҷумла Давлатшоҳи Самарқандӣ, Муинуддини Натанзӣ аслан аз Систон буда, дар Форс зиндагӣ кардааст. Соли 1413 дар Шероз асари машҳури худ Мунтахаб-ут-таворих»-ро таълиф намуда, ба набераи Темур — Искандар ибни Умаршайх бахшидааст. Дар асар оид ба таърихи сулолаҳои Чағатоиён, Чобаниён, Инҷуиён, Музаффариён, инчунин вилоятҳои ҷануби Эрон (Шубанҳор, Ҳурмузд, Кирмон, Язд, Луристон) ва Осиёи Миёна маълумоти гуногун гирд оварда шудааст. Нусхаҳои алоҳидаи асар дар китобхонаҳои Теҳрон, Париж ва Ленинград маҳфузанд.

Адабиёт: Стори Ч. А., Персидская ли­тература. Био-библиографический обзор, том 1, Москва, 1972.

X. Муродов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …