Маълумоти охирин
Главная / Теги: Фалсафа ва дин (страница 6)

Теги: Фалсафа ва дин

Нисше Фридрих

0

Нисше Фридрих (15. 10. 1844, Рёккен, наздикии Лютсен, Саксо­ния— 25. 8. 1900, Веймар), файласуфи немис, намояндаи иррасиона­лизм ва волюнтаризм, шоир. Дар университетҳои Бонн ва Лейпсиг таҳсил кардааст. Солҳои 1869—79 профессори фи- лологияи классикии университети Базел. Ақидаҳои Нисше дар давраи гузариши капитализм ба зинаи охирини худ — империализм ташаккул ёфтааст. Таълимоти …

Муфассал »

Нирвана

0

Нирвана (санскрипт— таскин, фурӯнишонӣ), мафҳуми марказии фалсафаи буддоия, ки ҳолати рӯҳӣ ва мақсади ниҳонии кӯшишҳои маънавии одамро ифода мекунад. Дар матнҳои буддоӣ Нирвана ҳамчун чизи даркнашавандаю бефоида ва ба ашён «ҳар ду олам» мухолиф тавсиф шудааст. Нирванаро дар таълимотҳои гуногуни динию фалсафии ҳиндӣ ба тарзҳои мухталиф таъбир мекунанд. Мувофиқи ин …

Муфассал »

Нимфаҳо

1

Нимфаҳо, дар асотири Юнони Қадим олиҳаи табиат, ки дар кӯҳ, ҷангалзор, бадру чашмаҳо зиндагӣ мекардаанд. Нимфаҳоро духтарони Зевс ва бештар ҳамсафи Артемида ё Дионис ҳисобида, дар бисьёр маҳалҳо ба онҳо ибодат менамуданд. Барои Нимфаҳо дар ғордо, лаби чашмаҳо, соҳили баҳрдо қурбониҳо мекарданд. Тасвири Нимфаҳо дар осори меъморон ва рассомон бисёр …

Муфассал »

Нимфа

1

Нимфа (аз юн. nymphe — зоча, кирмина, айнан—арӯс, духтар), марҳилаи инкишофи нопурраи бандпойҳо. Нимфа барои инкишофи кана, ҳа­ман беболҳо ва баъзе ҳашароти болдор (нодхӯрак, ростболҳо ва ғайра) хос аст. Нимфа ба ҳайвони болиғ монанд буда, дар он фақат ҷиҳози ҷинси инкишоф наёфтааст.

Муфассал »

Николаи Кузанӣ

0

Николаи Кузанӣ (Nicolaus Cu-sanus), Николай Кребс (Krebs) (1401, Куза дар Мозел —11. 08. 1464, Тоди, Умбрия), файласуф, олим ва рӯҳонии немис. Фанҳои ҳуқуқшиносӣ, математика, табиатшиносӣ ва илоҳиётро омӯхтааст. Таълимоти Николаи Кузанӣ дар замони нуфузи ақидаҳои гуманистӣ, фанҳои дунявӣ ва таназзули схо­ластика асримиёнагӣ ҷараён ёфта, ба сиёсати мамлакатҳои Европа дар асри …

Муфассал »

Мадрасаи «Низомия»

«Низомия» Мадраса аз номи Хоҷа Қавомуддин Абулҳасан иб­ни Алӣ — вазири Маликшоҳи Салҷуқӣ (соли  408) Низомулмулк, ни дар аксари шаҳрҳои қаламрави Салҷуқиён, аз он ҷумла, дар Нишопур, Балх, Ҳирот, Марв, Исфаҳон, Басра, Бағдод мадрасаҳо бунёд кард, бузургтарин ва муҳимтарини онҳо «Низомия»-и Бағдод буда, соли 1065 таъсис ёфтааст. Дигар ҳамаи мадрасаҳои …

Муфассал »

Нигилизм

1

Нигилизм (лот. nihil — ҳеҷ ва ҳеҷ чиз), дар Россия нуқтаи назарӣ интеллигенсияи ғайридворянии солҳои 60-уми асри 19, ки шаклҳои мухталифи идеологиям ҳукмрон, ахлоқ ва нормаҳои хулқу атвори ҳаётро қатъияи инкор менамуд. Нигилизм дар вазъияти револютснонии солҳои 1859— 1961 пайдо шуда, буҳрони системаи феодалию крепостноиро инъикос кардааст. Истилоҳи «Нигилизм» баъди …

Муфассал »

Нестӣ

0

Нестӣ, категорияи системаҳои идеалистист, ки вуҷуди конкретӣ ва умуман ҳастиро рад мекунанд. Фалсафаи материалистӣ Нестиро катего­рияи фалсафӣ намедонад. Вай ақидаеро ба назар мегирад, ки олами моддӣ маҳвнопазир ва халоӣ мутлақ имконнопазир аст. Дар таъpuxu фалсафаи идеалистӣ аз давраи атиқа ба Нестӣ ду тарз муносибати асосӣ вуҷуд дорад. Дар системаи як …

Муфассал »

Нептунизм

0

Нептунизм (аз лот. Neptunus — Нептун, номи худои баҳру об дар асотири римиён), таълимотест, ки охири асри 18 — аввали асри 19 дар илми геология ҳукмфармо буд ва мувофиқи ин таълимот гӯё тамоми ҷинсҳои кӯҳӣ (аз ҷумла ҷинсҳои фишонда: базалт, гранит ва ғайра) дар муҳити об бо роҳи таҳшияшавӣ е …

Муфассал »

Нептун

0

Нептун дар асотири Рими Қа­дим худои чашмаю дарёҳо. Баъдтар ӯро баробари худои Юнони Қа­дим — Посейдон мепарастиданд. Ба шарафи Нептун иди қадимӣ (Нептупалиӣ) ҳар сол 23 июл ҷашн гирифта мешуд. Маънои маҷозии Нептун— офати баҳрӣ.

Муфассал »