Маълумоти охирин
Главная / Теги: Астрономия (страница 8)

Теги: Астрономия

Осмон

osmon

Осмон [аз «ос» (осиё) ва «мон» (монанд)], а р ш, г а р а з м о н, г а р д у н, само, с и п е ҳ р, у м м у н н у ҷ у м, ф а л а қ  ч а р х. …

Муфассал »

Орбита

1

«Орбита», номи шартии стансияҳои рӯизаминии алоқаи кайҳонӣ, ки дар территорияи СССР системаи ягонаро ташкил медиҳанд; тавассути радифони алоқаи «Молния» барои рет­ранслятсияи минбаъда барномаҳои монохромӣ (сиёҳу сафед) ва рангаи телевизиони марказиро ирсол ва қабул мекунад. Аввалин 20 стансияи ин система соли1967 ба кор cap карданд ва соли 1982 шумораи онҳо қариб …

Муфассал »

Октант

0

Октант (лотинӣ octane — ҳаштяки давра), октан, асбоби зовиясанҷ буда, қисми асосии онро камоне ташкил медиҳад, ки ба ҳаштяки давра баробар аст ва oн ба дараҷаву ҳиссаҳои дараҷа тақсим карда шудааст. Одатан, асбобҳоеро Октант меноманд, ки аз рӯи сохташон ба сек­стант монанданд. Ҳозир Октантҳоро кам истифода мебаранд.

Муфассал »

Озоносфера

0

Озоносфера, қабати озонии ат­мосфера, ки аз сатҳи Замин дар ба- ландии 10—50 километр ҷойгир аст; миқдори асосии озон дар он қисми Озоносфера ғун мешавад, ки аз сатқи Замин дар баландии 20—25 километр воқеъ аст. Пайдоиши озонро дар Озоносфера ва паҳншавии онро дар баландиҳои гуногун назарияи фото химия  шарҳ медиҳад. Озон …

Муфассал »

Озар

Озар 1) номи моҳи нӯҳуми солшумории шамсист, ки ба 22 ноябр- 21 декабр солшумории милодӣ рост меояд; 2) номи рӯзи нӯҳуми ҳар моҳи солшумории шамсист, ки мувофиқи расми халқҳои эронинажод, агap номи рӯз бо номи моҳ мутобиқат кунад, ин рӯзро ҷашн мегирифтанд ва гӯё дар ин рӯз нохун гирифтан, мӯй …

Муфассал »

Обон

0

Обон номи моҳи ҳаштуми со­ли шамсӣ, ки ба 23 октябр— 21 ноябр рост меояд.

Муфассал »

Оберон

0

Оберон, радифи сайёраи Уран. Диаметраш ба 1460 километр, масофаи миёна аз маркази сайёра то оберон ба 537 ҳазор километр баробар аст. Соли 1787 В. Гершел кашф кард. Ҳамвории мадори Оберон ба ҳамвории мадори Уран тақрибан амудист.

Муфассал »

Наққош

1

Наққош (ар. лот. Pictor, русӣ Живописец), бурҷест дар Нимкураи ҷанубии осмон. Муниртарин ситораи он 3,3 қадри ситоравиро до­рост. Шароити мусоиди мушоҳида моҳи декабр.  Баъзап дар ноҳияҳои ҷанубии СССР ба назар мерасад. Нигаред Осмон.

Муфассал »

Насри Тоир

Насри Тоир (ар.   каргаси паррон, русиаш Альтаир, лотинӣ А1-lair), ситораи бурҷи Уқоб. Қадри ситоравии зоҳириаш 0,8. Равшаноиаш аз равшаноии Офтоб 9 маротиба зиёд аст, аз Офтоб дар масофаи 5 парсек воқеъ гардидааст.

Муфассал »

Насри Воқеъ

Насри Воқеъ (ар. — каргаси афтон, русиаш Вега, лотинӣ Wega), ситораи қадри аввали бурҷӣ Лира (Санҷ) аст, ки равшаноиаш аз равшаноии Офтоб 50 маротиба зиёд мебошад. Масофа то ба Офтоб 8 пар­сек. Насри воқеъ яке аз муниртарин ситораҳои Нимкураи шимолии осмон ҳисоб меёбад.

Муфассал »