Маълумоти охирин
Главная / Теги: Астрономия (страница 7)

Теги: Астрономия

Персей

persey

Персей (лот. Реrseus), бурҷест дар Нимкураи шимолии осмон. Дар адабиёти астрономияи асримиёвагии Шарқ бо номи Бареовус, Томили Раъси Ғул машҳур аст. Мирфақ ва Алғут аз муниртарин ситораҳои онанд. Дар Персей ду тарокуми мансураи ситораҳо воқеъ гаштаанд, ки бо чашм дидан мумкнн аст. Моҳҳои октябр-декабр нағз мушоҳида мешавад. Ниг. Ос­мон.

Муфассал »

Персеитҳо

perseitho

Персеитҳо, сели метеор (шиҳоб), кя радианташ дар бурҷи Персей воқеъ аст. Аз 25 июл то 20 август мушоҳида мешавад. Бо кометаи 1862 III алоқаманд аст. Персеиҳо аввалин сели метеорҳост, ки алоқамандии он бо комета муайян шудааст (Ҷ. Скиапа­релли, 1866). Персеитҳо яке аз селҳои метеории фаъолест, ки визуалӣ ё бо усули …

Муфассал »

Периселений

periseleniy

Периселений (аз пери… вя юн. selene — Моҳ), нуқтаи аз марказни Моҳ наздиктарини мадори радифи маснуи Моҳ ва ё ягон ҷирми осмонӣ, ки ҳаракати он нисбат ба Моҳ муоина карда мешавад. Муқобили апо­селений.

Муфассал »

Перигелий

perigeliy

Перигелий (аз пери… ва юн. helios— Офтоб), нуқтаи ба Офтоб наздиктарини мадори сайёра, коме­та, радифи маснуи Замин ва ё ди­гар чирми кайҳонӣ, ки ҳаракати он нисбат ба Офтоб муоина карда ме­шавад. Муқобили афелий.

Муфассал »

Перигей

perigey

Перигей (аз пери… ва юн. ge — Замин) нуқтаи ба Замин наздиктарини мадори Моҳ, радифи маснуи Замин ва ё дигар ҷирми осмонӣ, ки ҳаракати он нисбат ба Замин муоина карда мешавад. Муқобили апо­гей. Дар астрономияи классикии Шарқ истилоҳи ҳ а з и з ба маънои Перигей истифода мешуд.

Муфассал »

Периастр

periastr

Периастр (аз пери… ва юн. аstron — ситора), нуқтаи ба ситора наздиктарини мадори ситораи дигар, ки гирди ситораи якум ҳаракат мекунад. Дар мавриди ночиз будани таъ­сири дигар ҷисмҳои осмонӣ ин ҳара­кат аз рӯи қонуҳои Кеплер муайян мешавад. Мавқеи Периастр дар фазо бо таъ­сири ҷалаёне тағйир меёбад, ки ба туфайли ҷозибаи …

Муфассал »

Парсек

parsek

Парсек (аз ихтисори калимаҳои параллакс — ихтилофи манзар ва секунда—сония), воҳиди астроно­мии масофа. Парсек масофаест, ки аз он нимдиаметри мадори Замин тадти кунҷи 1″ намоён аст ё масофаест то ситора, ки параллакси он ба 1″ ба­робар мебошад. Ишоратадп пс ё пк. 1 пс = 3.260 соли рӯшной = 3,0857X ХЮ,в …

Муфассал »

Офтоб

oftob

Офтоб (аз оф — ҷирм ва тоб тобанда, тобоӣ), Шамс, Меҳр, X у р ш е д, наздиктарин ситораест, ки дар маркази системаи Офтоб воқеъ буда, аз плазмаи тафсон таркиб ёфтааст. Аломати астрономиаш 0фтоб. Массам Офтоб 1,990*1030 килограмм буда, аз массам Замин 332958 маротиба зиёд аст ва 99,866 % -и …

Муфассал »

Паллада

pallada

Паллада, сайёраи хурдест, ки соли 1802 Г. Олберс кашф кардааст. Аз рӯи санаи кашф онро сайёраи хурди № 2 низ гӯянд. Диаметраш қа­риб ба 490 км, масофааш аа Офтоб андаряк 2,77 воҳиди астрономӣ, қадри ситоравиаш андаряк ба 8,0 баробар буда, мадораш ба ҳамвории эклиптика таҳти кунҷи нисбатан ка­лои (i = …

Муфассал »