Маълумоти охирин
Главная / Теги: Адабиёт (страница 40)

Теги: Адабиёт

Назаров Аширмат

Назаров Аширмат (Ашурмат; 05.0 3. 1913, pайони Нови вилояти Ленинобод — 1965, pайони Нов), шоири ӯзбекзабони Тоҷикистон. Аъзои КПСС аз  соли 1942. Дорулмуаллимини Самарқандро ба итмом расонида (1932), дар сафи Армияи Сурх хизмат кардааст. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Пас аз адои хизмати ҳарбӣ — мудири шӯъбаи адабиёт ва санъати г. …

Муфассал »

Надими Бухороӣ

2

Надими Бухороӣ Мавлоно Баҳруддини Бурундуқ (соли таваллудаш ва вафоташ номаълум), шоири асри 15 форс-тоҷик. Марди хуштабъу ширинкалом ва бо ҳаҷву мутоиботаш дар байни аҳли адаб машҳур будааст. Аз хаҷву истеҳзои ӯ ба қавли Навоӣ («Мақолис-ун-нафоис») ҳама дар ҳарос буданд, аз ин рӯ, ӯро бо эҳтирому тавозӯъ «устод» меномиданд. Ғазалу қасидаҳои …

Муфассал »

Навҳа Мулло Муҳаммадсолеҳ

2

Навҳа Мулло Муҳаммадсолеҳ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик. Дар нимаи дуюми асри 19 ва ибтидои асри 20 дар Бухоро умр ба cap бурдааст. Навҳа мувофиқи маълумоти «Тазкират-уш-шуаро»-и Мӯҳтарам дар замони таълифи тазкира барҳаёт будааст. Навҳа соҳиби хати хуб буда, бо китобат рӯз мегузаронид. Абёти боқимондаи шоир (дар тазкираву …

Муфассал »

Навъии Хабӯшонӣ

2

Навъии Хабӯшонӣ  Мулло Муҳаммадризо (1562/1563, шаҳри Хабӯшони Хуросон —1610/1611, шаҳри Бурҳонпур), шоири эронӣ. Аз оилаи савдогар (баъдтар шайхи бузург). Дар ҷавонӣ бо падараш ба Кошон сафар карда, шогирди Мавлоно Музрташами Кошонй мешавад. Сипае ҳамроҳи падар Ҳиндустонро саёҳат кар­да, муддате дар Гучарот муқим мегардад. Баъди баргаштан ба ватан дар Машҳад умр …

Муфассал »

Асари «Наврузнома»

2

«Наврузнома» асарест дар кашфи ҳақиқати Наврӯз, рӯзи ҷашн гирифтани он, инчунин дар бо­раи оини ҳукуматдории шоҳони Эрон ва масоили мухталифи таърихӣ, этнографӣ, тиббӣ ва ғайра. Ба Умари Хайём нисбат дода мешавад. Аз муқаддима — «Oғози китоби «Наврӯзнома» ва 14 боб иборат аст. Дар «Оғоз» ва инчунин боби «Омадани мубади мубадон …

Муфассал »

Навоӣ Низомуддин Алишер

2

Низомуддин Алишер (9. 2. 1441, Ҳирот — 3. 1. 1501, ҳамон ҷо), шоир ва мутафаккир, асосгузори адабиёти классикии ӯзбек, ходими давлатӣ. Падари Н. Ғиёсуддини Кичкина аз амалдорони хонадони Темуриён буд. Ӯ чун ҳаводори шеъру шоирӣ дар хонааш бо адибони давр сӯҳбатҳо меорост. Навоӣ аз овони кӯдакӣ ба шеъру шоирӣ шавку …

Муфассал »

Наводир-ул-вақоеъ

2

«Наводир- ул- вақоеъ»  («Воқеаҳои нодир»), асари Аҳмади Дониш. Дар давоми солҳои 1875—1882 таълиф шудааст. Муаллиф чанд бор онро китобат ва аз нав таҳрир кардааст. Ҳоло чанд нусхаи қаламии ин асар дар китобхонаҳои Душанбе, Тошкент, Ленинград, аз қумла нус­хаи ба дасти Дониш китобатшуда, дар захираи дастнависҳои Шӯъбаи ленинградии Институти шарқшиносии АФ …

Муфассал »

Наводир-ул-асрор

2

«Наводир- ул- асрор»  («Розҳои нодир»), асари Ҳасан Ибни Исои Русофӣ дар боби химия, ки охири асри 15 ва ибтидои асри 16 ба забони арабӣ навишта шудааст. «Наводир- ул- асрор» ҷамъбасти таҷриба ва мушоҳидаҳои муаллиф дар соҳаи химия буда, таҷрибаҳои зиёди кимиёвӣ, тарзи гузаронидани онҳо, нусхаҳои кимиёвӣ, тарзн тайёр кардани онҳо …

Муфассал »

Мӯҳтарам Самарқандӣ

2

Мӯҳтарам Самарқандӣ Муҳаммаҳошим (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 16 форс-тоҷик. Мӯҳтарам Самарқандӣ аз шоирони муқимии Ҳиндустон (аҷдодонаш аз Са­марқанд) буда, дар дарбори Акбар хидмат мекардааст. Қувваи ҳофизааш чунон қавӣ будааст, ки китоби «Маҳабҳарат»-ро дар андак муддате аз бар кардааст. Мӯҳтарам Самарқандӣ дар шеър маҳорати хуб дошта, дар навъҳои …

Муфассал »

Наапет Кучак

1

Наапет  Кучак  (cолитаваллудаш номаълум — вафот тақрибан 1592), шоири арманӣ. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш норавшан аст. Аз рӯи ривояте дар деҳаи Харакониси, назди Ван таваллуд ёфтааст. Хусусиятҳои забонӣ ва номҳоиҷугрофии ашъораш шаҳодат медиҳанд, ки зодгоҳаш қисмиғарбии Арманистон аст. Наапет  Кучак асосан айрена— сурудҳое, ки аз дубайтӣиборат буда, ҳар як мисрааш- 15 …

Муфассал »