Маълумоти охирин
Главная / Теги: Қабристон

Теги: Қабристон

Қабристони Сарваксой

САРВАКСОЙ, қабристони Сарваксой, ёдгории археологии тахминан мансуб ба асрҳои 1—7 милод, ки 5 километр ҷанубтари деҳаи Сарваки райони Ашти вилояти Ленинобод воқеъ аст. Дар шимоли ғарби деҳа дар нишебии қаторкӯҳҳои Қаромазор 15 қуруми аз якдигар дар масофаи 200—300 метр ҷойгиршуда мавҷуданд. Сарваксойро соли 1957 бостоншиносони Институти таърихи Академияи Фанҳои Республикаи …

Муфассал »

ХАРГУШӢ

ХАРГУШӢ, Xаргӯшии I ва II, қабристони мансуб ба асрҳои 5—3 то м., ки ҷанубу —шарқтари деҳаи Харгӯшии раёни Ишкошими ВАБК воқеъ аст. Xаргушии 1-ро бостоншиносон А. Н. Бернштам (1948) ва Б. А. Литвинскпй (11959) тадқиқ намудаанд. Аз он 11 пушта кушода шуд. Андозаи пушта ва қабрҳои Xаргуши, гуногун буда, дар …

Муфассал »

ПОМИРИ I

ПОМИРИ I, Т а м д и, қабристони мансуб ба охири асри 3 то мелод, ки дар соҳили рости дарёи Помир, дар суфачаи баланди қаторкӯҳи Аличур воқеъ аст. Солҳои 1952—1956 А. Н. Вернштам кашф ва тадқиқ намуд. Дар ин ҷо 48 иншоот даст, ки пуштаҳояш аз якдигар фарқ мекунанд; як …

Муфассал »

ҚИЗИЛРАБОТ

ҚИЗИЛРАБОТ, қабристони мансуб ба а-ҳои 10—8 то м., ки 400 м дуртар аз д. Оқсу, дар соҳили рости он воқеъ аст. 13 пушта дар масоҳ 35 x40 м хеле зич ҷой гирифтаанд. Пуштаҳо бо санг бардошта шудаанд ва қабрҳо байзашакланд. Аз қабр куза, устухони гусфан ёфтаанд. Девораи баъзе қабрҳо бо …

Муфассал »

ҚАБРИСТОНИ ТӮЛХОР

ҚАБРИСТОНИ ТӮЛХОР, қабристонест воқеи водии Бешкенти наздикии қ-куҳи Туюнтоғ, p-ни Шаҳртузи вил. Қурғонтеппа- Қ. Т. с. 1955 кашф гардидааст. Бостоншиносон с-ҳои 1955—59 дар Қ. Т. қабрҳои давраҳои асри биринҷӣ ва Кушониёнро дарёфтанд. Аз 80 қабри давраи аввал 75-тоаш ошкор шудааст. Болои онҳоро шағал пушидааст. Муҳаққиқон ин қабрҳоро ба чор намуд …

Муфассал »