Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Қабристони Сарваксой

Қабристони Сарваксой

САРВАКСОЙ, қабристони Сарваксой, ёдгории археологии тахминан мансуб ба асрҳои 1—7 милод, ки 5 километр ҷанубтари деҳаи Сарваки райони Ашти вилояти Ленинобод воқеъ аст. Дар шимоли ғарби деҳа дар нишебии қаторкӯҳҳои Қаромазор 15 қуруми аз якдигар дар масофаи 200—300 метр ҷойгиршуда мавҷуданд. Сарваксойро соли 1957 бостоншиносони Институти таърихи Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ба қайд гирифтаанд. Қабристон ҳоло тадқиқ нашудааст. Тахмин меравад, ки қабристонро аҳолие, ки дар аҳди қадим дар қаторкӯҳҳои Қаромазор мезист, боқӣ гузоштааст.
Адабиёт: Литвинский Б. А., Курганы и курумы Западной Ферганы, Москва, 1972.
Е. Д. Салтовская.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …