Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОМИРИ I

ПОМИРИ I

ПОМИРИ I, Т а м д и, қабристони мансуб ба охири асри 3 то мелод, ки дар соҳили рости дарёи Помир, дар суфачаи баланди қаторкӯҳи Аличур воқеъ аст. Солҳои 1952—1956 А. Н. Вернштам кашф ва тадқиқ намуд. Дар ин ҷо 48 иншоот даст, ки пуштаҳояш аз якдигар фарқ мекунанд; як гурӯҳаш сангпӯш буда, гурӯҳи дигар бо тавораи оддӣ иҳота карда шудааст. Балан­дии пуштаҳо 0,45 м. Пуштаҳо дар чуқурии 0,65 м бо шохи архарҳо ҳалқа гирифта шудаанд. Майитҳо бо пойдою дасти рост аз оринҷ қат ва дасти чапашон рост гуронида шу­даанд. Аз пуштаҳо акинак, пайконҳои биринҷӣ, мунчоқҳо, ороиши биринҷии камарбанд, афзори биринҷии асп, зарфҳои сафолию чӯбӣ, дегчаҳои биринҷии махсус, ки дар маросимдои динӣ истифода мебурданд, ёфт шуданд.

У. Вобоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …