Омск, шаҳр, маркази вилояти Омски Республикаи Советии Федеративии Сотсиалисти Россия. Дар назди андароби дарёҳои Ом ва Иртиш воқеъ гардидааст. Бандари калони дарёи Иртиш ва узели роҳи оҳан дар магистрали Транссибир. Аэропорт дорад. Аҳолиаш 1014 ҳазор нафар (1979). Аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ ва масоҳат Омск (баъд аз Новосибирск) шаҳри дуюми Сибир …
Муфассал »Шаҳри Олвия
Олвия, шаҳр— давлати атиқаи ғуломдориест, ки дар соҳили рости лимани Буг воқеъ буд; номи дигараш Борисфен (аз номи юнонии дарёи Днепр). Димнаи Олвия назди деҳаи ҳозираи Парутинои райони Очакови вилояти Николаев воқеъ аст. Аввали асри 6 то милод юнониёни шаҳри Милет асос гузоштаанд. Заминҳои ҳар ду соҳили Буг ва бисьёр …
Муфассал »Шаҳри Олмалик
Олмалик, шаҳрест дар вилояти Тошкенти Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон. Дар нишебии шимоли қаторкӯҳи Қурама ва соҳили чапи дарёи Оҳангарон, 18 километр ҷанубтари стансияи роҳи оҳан Оҳангарон ҷойгир шудааст. Пункти охирини роҳи автомобилгарди Тошкент — Олмаато (68 километр) мебошад. Аҳолиаш 101 ҳазор нафар (1979). Олмаато маркази металлургияи рангаи Республикаи Советии Сотсиалистии …
Муфассал »Шаҳри Олмаато
Олмаато (қазоқӣ Алмати — себзор, то 1921 Верний), шаҳр, пойтахти Республикаи Советии Сотсиалистии Қазоқистон (аз май 1929), маркази вилояти Олмаато. Дар нишебии шимолии қаторкӯҳи Алатови Паси Или, дар баландии 650—950 метр воқеъ аст. Шаҳрро дарёчаҳои Олмаатои Калон ва Хурд бурида мегузаранд. Ҳарорати моҳи январ— 8° Селсия, июл 22,3° Селсия. Боришоти …
Муфассал »Шаҳри Олимпия
Олимпия (Olympia), шаҳри қадими юнонӣ дар Элида (қисми шимоли ғарбии Пелопоннес), маркази дин, парастишгоҳи Зевс ва ҷои гузаронидани Бозиҳои олимпӣ; муҳимтарин маркази санъати Юнони Қадим. Ансамбли меъмории Олимпия асосан асрҳои 7—4 то милод ташаккул ёфтааст. Олимпия баъди ғалабаи масеҳият рӯ ба танаазул ниҳод, соли 426 бошад, бо фармони императоря Рим …
Муфассал »Шаҳри Оксфорд
Оксфорд (Oxford), шаҳрест дар Британиян Кабир, дар соҳили дарёи Темза. Маркази маъмурии графин Оксфордшир. Аҳолиаш 117 ҳазор нафар (1976). Узели муҳимми нақлиёт ва маркази савдо. Дар Коули ном маҳалли назди Оксфорд корхонаҳои калони автомобилсозӣ мавҷуданд. Соҳаҳои саноати электротехники ва полиграфӣ низ ривоҷ ёфтааст. Театр, китобхонаю музейҳо дорад. Ёдгориҳои меъмориаш: Калисои …
Муфассал »Окленд
Окленд (Auckland), шаҳрест дар ҷазираи Шимолии Зеландияи Нав. Маркази маъмурии музофоти Окленд. Аҳолиаш 151 ҳазор нафар (4976, бо атрофаш 747,7 ҳазор нафар). Бандари калони баҳрӣ дар халиҷи Хаураки. Аэропорташ аҳамияти байналхалқӣ дорад. Дар шаҳр соҳаҳои саноати мошинсозӣ (электротехникӣ, нақлиётӣ ва киштисозӣ), хӯрокворӣ (ширу панир ва гӯшт), бофандагӣ. дӯзандагӣ, чарму пойафзол, …
Муфассал »Шаҳри Окленд
Окленд (Oakland), шаҳр ва бандарест дар ғарби Штатҳои Муттаҳидаи Америка, дар соҳили шарқии халиҷи Сан-Франсискои штати Калифорния. Аҳолиаш 331 ҳазор нафар (1975). Маркази тиҷорату нақлиёт. Саноати киштисозӣ ва таъмири киштӣ, коркарди металл, хӯрокворӣ, химия тараққӣ кардааст. 3аводи васли автомобил дорад. Окленд базаи ҳарбии баҳрист.
Муфассал »Шаҳри Окаяма
Окаяма, шаҳр, узели нақлиёт ва бандар дар Япония. Дар ҷануб ғарби ҷазираи Хонсю воқеъ гаштааст. Маркази маъмурии префектураи Окаяма. Аҳолиаш 517 ҳазор нафар. (1975). Окаяма ба воситаи пароми поездкашон бо пешбандари Уно алоқаманд аст. Соҳаҳои саноаташ: бофандагӣ (газворҳои пахтагӣ, пашмӣ, абрешими сунъӣ), мошинсозӣ (мошинҳои электрӣ), киштисозӣ, химия, коғаз, хӯрокворӣ ва …
Муфассал »Ойхонум
Ойхонум, димнаи шаҳри Юнону Бохтари мансуб ба асрҳои 4—1 то милод, ки дар Афғонистони Шимолӣ, дар резишгоҳи дарёи Кӯкча (шохоби дарёи Панҷ) воқеъ аст. Аз соли 1965 аз тарафи Миссияи археологии Франсия дар Афғонистон омӯхта мешавад. Ҳоло ҳафриёти болоҳисор, маъбад, маркази сиёсӣ, мақбараҳо ва қисми зиёди шаҳр ба интиҳо расидааст. …
Муфассал »