Маълумоти охирин
Главная / Теги: Шашмақом

Теги: Шашмақом

САҚИЛ

surud-nota

САҚИЛ (арабӣ — вазнин, гарон), оҳангест дар қисми охирини мушкилоти ҳар як мақоми «Шашмақом». Сақил асосан бо танбӯр ва ё ансамбли асбобҳои халқӣ вазнин ва оҳиста-оҳиста иҷро мешавад. Сақил дар қисми созӣ ҳамчун шакли рондо маъмул шудааст (яъне шакле, ки дар он пас аз пайдо шудани мавзӯи нави мусиқӣ мавзӯи …

Муфассал »

САРАХБОР

surud-nota

САРАХБОР оғози шӯъбаи якуми қисми овозии ҳар як мақоми «Шашмақом”. Сарахбори ҳар як мақом поми ҳамон мақомро мегирад: Сарахбори С.-и «Бузрук», Сарахбори С.-и «Рост», Сарахбори С.-и «Наво», Сарахбори «Дугоҳ», Сарахбори «Сегоҳ» ва Сарахбори «Ироқ». Системаи оҳангӣ ва овозии Сарахбориҳо хеле мураккаб буда, аз якчанд даромад ва авҷҳо иборат аст. Зарби …

Муфассал »

«ТУРКЗАРБ»

nota-2

«ТУРКЗАРБ» зарбест дар «Дувоздаҳмақом» ва «Шашмақом». Дар «Дувоздаҳмақом» гӯшаҳои мусиқии «Ироқи мушобеҳ» ва «Моҳури Кабир» бо ин зарб иҷро мешаванд. Дар «Ғиёс-ул-луғот» ҳафтдаҳ усул (зарб)-и аҷамӣ оварда шудааст, ки усули дуюми он «туркзарб» ё «туркӣ» номида шудааст. Нигаред низ Турк. И. Раҳимов.

Муфассал »

ТУРК дар мусиқӣ

surud-nota

ТУРК дар мусиқӣ, 1) зарб ва усули муайяни дойра дар мусиқии гузашта. 2) Оҳанги халқиест иборат аз 3 қисм. Қисми 1 -ум бо усули «Чапандоз» («Насруллоҳӣ»), 2- юм бо усули «Уфар» ва 3-юм бо усули «Қашқарча иҷро мешавад. 3) Як авҷи машҳур, ки дар суруду оҳангҳои «Шашмақом» чун шакли зарбу …

Муфассал »

ТАРҶЕЪ

nota-2

ТАРҶЕЪ (арабӣ — такрор), шакли оҳангиест дар қисми Мушкилоти (созӣ) «Шашмақом». Тарҷеъ дар мақом маънои такрорро дорад. Дар Тарҷеъ баъд аз ҳар пешрав ҳатман қисми бозгӯӣ меояд. Шакли Тарҷеъ дар мақоми «Рост» вуҷуд надорад. Дар дигар мақомҳо бошад, бо номи худи ҳамон мақом меояд. Масалан, Тарҷеъи Бузург, Тарҷеъи Наво, Тарҷеъи …

Муфассал »

«ТАЛҚИН»

nota-2

«ТАЛҚИН», шакли оҳангиест, ки он даромади мавзӯъҳои аслии «Шашмақом»-ро (махсусан тавассути зарбҳои мураккаби дойра) меогоҳонад. «Талқин» одатан дар «Шашмақом» пеш аз мавзӯи аслӣ ба шакли суруди алоҳида меояд. Масалан, дар мақоми Бузург», «Насри Уззол» мавзӯи аслӣ буда, пеш аз он «талқини Уззол» (бо таронаҳояш) меояд. «талқин» ҳамеша бо зарби 3/8—3/4 …

Муфассал »

ШОДИЁНА

shashmaqom

ШОДИЁНА, зарби қадимии доире ва нағора, ки бо ҳамовозии сурнай иҷро мешавад. Ш.-ро асосан ансамбли хоси иборат аз сурнай, карнай, нақора ва 2—3 дойра иҷро мекунад, Ш. оҳанги рақсӣ буда, ҳангоми туй, базм, рузҳои ид, саршавии ягон ҷамъомад ва ғ. иҷро мешавад. Ш. аз ҷиҳати зарб ва усул ба чанд …

Муфассал »

«СУПОРИШ»

nota-2

«СУПОРИШ», сурудест дар охири шӯъбаи якум (қисми насрӣ)-и мақомҳои «Шашмақом». «Супориш» аз сурудҳои дигари «Шашмақом» нисбатан кӯтоҳтар буда, хулосаи мавзӯи асосӣ ва воситаи иртиботи шӯъбаи якум ва дуюм аст. «Супориш» ду навъ аст: «Супориши аввалин» ва «Супориши охирин». Дар байни онҳо уфари мансуб ба мавзӯи асосӣ ҷой гирифтааст. Яъне тартиби …

Муфассал »

СУВОРА

nota-2

СУВОРА таронаест дар таркиби сарахбори мақомҳои «Шашмақом», ки маънои оғози мавзӯи аслии мақомҳоро дорад. Сувора асосан дар шӯъбаи якуми қисми насрии (овозии) ҳар мақом омада, баъазе ҷои худро бо таронаҳои дигар иваз мекунад. Сувора дар кадом мақоме, ки омада бошад, номи ҳамон мақомро мегирад. Масалан, «Сувораи Бузрук»; (мақоми «Бузрук»), «Сувораи …

Муфассал »